logo

Хабарҳо

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ТАСС. Кишварҳои Гурӯҳи 7 (G7) ният доранд, ки дар ду соли наздик барои дастгирии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии духтарона дар мамлакатҳои рӯ ба рушд 15 миллиард доллари ИМА равона созанд. Дар ин бора ВКХ-и Британияи Кабир хабар додааст.
Чуноне кишварҳои аъзои G7 умед доранд, туфайли  ин то соли 2026 зиёда аз 40 миллион духтар дар мамлакатҳои сатҳи даромадашон паст имконият пайдо мекунанд, ки ба мактаб раванд ва 20 миллиони дигарашон то   10-солагӣ хонданро ёд гиранд.
«Маблағгузорӣ барои таҳсилоти духтарон яке аз сармоягузориҳои самараноктарин мебошад, зеро он имкон медиҳад одамон аз қашшоқӣ раҳо ёбанд, сатҳи иқтисод боло равад ва боиси рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус гардад»,- таъкид мешавад дар изҳороти идораи  сиёсати берунаи Британия.
 
ҲАМЛАИ НОБАРОРИ  ҶАНГИЁНИ ҲАРАКАТИ «ТОЛИБОН»
ТАСС. Созмони иртиҷоии «Толибон» (мамнӯъ дар Россия) ба мавқеи қувваҳои ҳукуматӣ дар яке аз ноҳияҳои вилояти Ҳирот ҳамла карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Ariana News хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, ифротиён шоми рӯзи якшанбе ба вилояти Форсӣ ҳуҷум карданд. Задухӯрди мусаллаҳона то субҳи рӯзи душанбе идома ёфт. 
Чуноне ки волии вилоят Воҳид Каталӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи муноқиша нуҳ ҷангӣ ба ҳалокат расида, наздики 20 нафари дигар захм бардошт. Бино ба маълумоти ӯ, дар ин задухӯрдҳо 5 корманди қувваҳои амниятии Афғонистон низ ҷон бохт.
 
 
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МАХСУС ТАҲТИ РАЁСАТИ САРВАЗИРИ ҲИНДУСТОН 
Синхуа. Ҳукумати Ҳиндустон донишҷӯён-табибонеро, ки дар бахши панҷуми барномаи бакалаври тиб ва бакалаври ҷарроҳ мехонанд, таҳти роҳбарии муаллимонашон барои иҷрои вазифаҳои муайян ҳангоми муолиҷаи сироятёфтагони коронавирус иҷозат дод. 
Ҳукумати федералӣ, ҳамчунин, бо қарори худ дар бораи ба муассисаҳои давлатии тиббӣ ҷудо намудани табибон имтиёзҳои иловагӣ дод.
Ҳамшираҳои шафқат барои иҷрои вазоифи беҳдоштӣ таҳти назорати сартабибон ба фаъолият мепардозанд. Тасмими фавқуззикр дар ҷаласаи махсус, ки таҳти раисии Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди доир гашт, гирифта шуд. 
 
 
БЛИНКЕН: «ИМА ХОҲОНИ МУНОСИБОТИ УСТУВОР БО РОССИЯ МЕБОШАД»
INTERFAX.RU. -Маъмурияти ИМА хоҳони ба танзим даровардани муносибатҳои худ бо Россия мебошад, агар Москва низ ин роҳро пеш гирад, - изҳор дошт сарвари Департаменти давлатӣ Энтони Блинкен.
Блинкен зикр кард, ки Президенти ИМА Ҷо Байден зимни вохӯрӣ бо Президенти Россия Владимир Путин дар ин мавзӯъ ҳатман гуфтугӯ хоҳад кард. 
Ӯ, инчунин, тавзеҳ дод, ки муносибатҳои ИМА ва  Россия аз  рафтори Москва  вобаста аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 327
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед