logo

Хабарҳо

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти унвони «Масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои ҳалли онҳо» Конференсияи XVI илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар кори он Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми кишвар, Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори донишгоҳ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва олимони шинохта аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҳмадшоҳ Гулзода зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ҳангоми баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсия муҳимияти масъалаи илм ва маорифро бори дигар таъкид намуданд: «Ҳадафи асосии мо аз таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсия баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад. Аз солҳои 2000 инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намудем. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард». 
Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар тӯли 81 соли фаъолият Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино беш аз 43 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода кардааст, ки 63 дарсади он ба солҳои соҳибистиқлолӣ рост меояд. Хатмкунандагони донишгоҳ дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон кор карда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар соҳаи тиб баланд мебардоранд. Ҳамин аст, ки донишгоҳ мавқеи байналмилалиро дорост.  
Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо назардошти ҳамин омил, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти вазорату муассиса қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони донишгоҳ сол ба сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи таҳқиқотчиёну пажӯҳишгарон аз ҳисоби ҷавонон афзудааст.
Конференсияи XVI илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёнро далели густариши равобити илмию амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни ватанию хориҷӣ арзёбӣ карданд. 
Дар ҳамоиш дастовардҳои донишҷӯён ва олимони ҷавони ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта шуда, масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои онҳо, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарию амалӣ ва дастовардҳои навини илмӣ дар рафти таҳсил баррасӣ гардиданд. 
Конференсия дар 16 сексия доир гашта, шумораи маводи пешниҳодшуда 1650 ададро ташкил намуд, ки аз ин 700 ададаш аз кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар рафти ҳамоиш 483 маърӯзаи илмӣ (106 хориҷӣ) баррасӣ гардид. 
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 389
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед