logo

Хабарҳо

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

Китобест дар бораи тоҷикон, миллате, ки дар тӯли асрҳо зиста, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз гузоштааст. Ба қавли муҳаққиқ А. Фарҳод, асарест пур аз таҳлил, пур аз ҳикмату натиҷагириҳо. Муаллифи китоби таҳлилӣ, пажӯҳишӣ, илмӣ, психологӣ, эҷодӣ, бадеӣ ва тафаккурӣ, ки «Миллате мезист дар рӯи Замин» ном дорад, адиби шинохта, дорандаи ордени «Шараф» ва 7 ҷоизаи байналмилалӣ Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) аст ва ӯ дар муаррифномаи китобаш нигошта, ки чунин илҳоми эҷодро вай аз китобҳои номвари «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров, «Саргузашти як халқ» - и устод Садриддин Айнӣ ва «Аз Ориён то Сомониён» - и Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бардоштааст.
Муаллиф овардааст: «Агар пурсанд, ки ҳавзи Кавсари рӯи Замин дар куҷост?» Гӯям: «Маънои кавсар «ҳавзҳои фаровон» ва «обҳои бисёр» бошад. Яъне биҳишт ҷои серобу сероб шумурда шавад. Магар Тоҷикистон чунин сероб нест? Аз ин боис онро борҳо як пораи биҳишт номидаанд дар таърихи гирдгардон». Аз ин рӯ, мо бояд аз обҳо фаровон ва сарфакорона истифода бурда, кишварамонро ба биҳишти воқеӣ мубаддал гардонем. Аз сангҳои қиматбаҳо армуғонҳо бисозем, аз оби чашмаҳои шифобахши Анзоб, Шоҳамбарӣ, Ҳавотоғ ва ғайра нӯшобаҳо омода намоем. 
Сабаби навиштани китобро Шераки Ориён ба чунин дастуру тавсияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Олимони ҷамъиятшинос бояд корҳои илмии худро ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огаҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир равона намоянд, зеро ин торафт аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад, хосатан дар замони ҷаҳонишавии шадид. Бинобар ин оид ба ҷанбаҳои гуногун ва оқибати онҳо ба амнияту суботи миллат, давлат ва ҷомеа андешаву хулосаҳои асоснок пешниҳод намоянд» вобаста месозад ва чунин хома меронад: «Кӯҳистон миллати тоҷикро наҷот додааст борҳо дар манотиқи Мовароуннаҳр, вагарна  дар паҳноҳои Варорӯд варо дар тӯли асрҳо борҳо ва борҳо бидавиёну кӯчманчиён ва рақибону бегонагон танг карда, буғӣ намуда, деҳистону шаҳристон, марзу боғистонҳояшро аз они худ карда буданд. Ин миллат, ки ҳазорон ҳазор дороӣ ва молу мулкашро ва ҳотаву хонаашро дар паҳноҳо маҳз яғмогарон ва бодиягардон ва бегонагон ба ғорат гирифта буда, худаш дигар илоҷ наёфта ба кӯҳистони азим паноҳ мебурда… Аммо ин миллат дар байни кӯҳҳо аз деҳаи таърихии Душанбебозор  пойтахте ба номи Душанбе бунёд намуд, ки имрӯз овозааш ҳамчун шаҳри сулҳ дар ақсои олам паҳн шудааст. Яъне, дар солҳои соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба дараҷае пешрафт кард, ки дар ҳазорсолаҳои гузашта дар орзуяш буд. «Пас, имрӯз ва ҳама рӯзи дигар аз пайи чораву тадбири созандагиву бунёдкорӣ бояд будан. Он гаҳ миллат бимонад рӯи Замин ва нумӯ бикунад бештар ва шукуфою боғановат бигардад афзунтар», - хулоса мекунад муаллиф Шераки Ориён. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 339
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед