logo

Хабарҳо

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

ТАСС. Сарварони ВКХ-и кишварҳои Гурӯҳи ҳафт (G7) ҷонибдории мамлакатҳояшонро бо мақсади ҳамасола ҷамъоварии 100 миллиард доллари ИМА ҷиҳати иҷрои созишномаи Париж оид ба иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тасдиқ карданд. 
Дар ин бора дар изҳороти ҷамъбастии Гурӯҳи ҳафт гуфта мешавад. Инчунин, дар ҳуҷҷат даъвати пазируфтани ташаббусҳои иловагӣ оид ба бештар намудани маблағгузорӣ пеш аз баргузории 26-умин Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи ҳудудии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки имсол дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор мегардад, ҷой дорад. 
Вазирҳо, инчунин, аз бонкҳои байналмилалии рушд ва дигар институтҳои молиявии давлатию хусусӣ барои бештар намудани ҳаҷми маблағгузорӣ дар соҳаи иқлим даъват ба амал оварданд. 
 
 
Нигаронии СММ аз камбуди момодояҳо
ТАСС. Чуноне дар маърӯзаи муштараки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Фонди СММ оид ба аҳолӣ ва Конфедератсияи байналмилалии момодояҳо зикр шудааст, дунё ба камбуди момодояҳо дучор омадааст. Зикр мешавад, ки айни замон дар ин соҳа 900 ҳазор мутахассис намерасад. 
Буҳрони марбут ба пандемияи коронавирус ин масъаларо боз ҳам мушкилтар намуда, дар фаъолияти  хадамоти ҳифзи саломатии занҳо ва навзодон номунтазамӣ ба вуҷуд овард. Камбуди шадиди мутахассисон боиси афзоиши ваҳмангези фавт гардид.  
Тибқи баҳогузории коршиносон, хизматгузории комил дар соҳаи момодоягӣ дар дунё имкон медод, ки то соли 2035 фавт миёни навзодон 64 дарсад ва байни модарон 65 дарсад коҳиш ёбад, инчунин, ҳамасола мумкин буд, то 4,3 миллион нафарро аз марг наҷот дод.
 
 
Талаби мухолифин аз Ҳукумати Ҳиндустон 
CentralAsia (CA). Бинобар паҳншавии босуръати коронавирус, мухолифини Ҳиндустон аз ҳукуматдорони кишвар талаб доранд, ки узлатнишинии умумихалқӣ ҷорӣ намоянд. Вале Сарвазири мамлакат Нерандра Моди ҷиддан муқобили ин иқдом аст. Ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки маҳдудиятҳои навбатӣ иқтисоди кишварро мувоҷеҳи буҳрони шадид мегардонанд. 
Аммо бо вуҷуди ин, ҳукуматдорони бисёре аз иёлатҳо, аллакай, дар ҳудуди хеш чораҳои гуногунро амалӣ намудаанд, яъне аз узлатнишинӣ то ҷорисозии вақти комендантӣ ҳангоми шаб.
 
 
Ширкати Saudi Aramco нархи нафтро арзон кард
ТАСС. Ширкати миллии нафти Арабистони Саудӣ Saudi Aramco нархи нафтро барои мизоҷонаш дар бозори Осиё поин фуровард, - хабар медиҳад агентии Bloomberg. 
Мувофиқи маълумоти агентии мазкур, Saudi Aramco арзиши навъи Arab Light-ро дар минтақа 10 сент барои як баррел арзон кард. Таъкид мешавад, ки ин иқдом аз моҳи декабри соли 2020 бори аввал гирифта шуд. Ширкат, инчунин, нархи дигар навъи маҳсулоти нафтиашро барои Осиё  аз 10 то 30 сент арзон кардааст.
Таҳлилгарони агентии Bloomberg аз ҷониби ширкат поинбарии нархро барои мизоҷони осиёӣ ба зуд афзоишёбии теъдоди сироятшудагони коронавирус дар Ҳиндустон ва кам гардидани талабот ба сӯзишворӣ дар ин кишвар рабт медиҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 358
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед