logo

Хабарҳо

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Дар доираи эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ” ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 18 майи соли 2021 Осорхонаи миллии Тоҷикистон бори ҳаштум чорабинии байналмилалии “Шабе дар осорхона” - ро мегузаронад.
Чорабинӣ фарогири сӣ маҳфили рангоранги фарҳангӣ буда, иштироки тамошогарон дар ҳамаи онҳо ройгон аст. Сарпарасти кулли чорабинӣ Осорхонаи миллӣ, ширкатҳои “Сиёма” ва «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд.
«Шабе дар осорхона» дар 120 кишвари олам ва 30 000 осорхона ҳамасола баргузор мешавад.
 
 
«НИСОР» - ФИЛМИ МУСТАНАД АЗ ҲАЁТИ ҚАҲРАМОН
8 май дар Хонаи кинои муассисаи «Тоҷикфилм» нахустнамоиши филми мустанади коргардони номвари тоҷик Сафар Солеҳов - "Нисор" мегузарад.
Ин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи рӯзгори пуртазоду фаъолияти самарабахши аввалин комиссари маорифи халқи Тоҷикистон Нисор Муҳаммад нақл мекунад. Бино ба иттилои сомонаи «Спутник»,  ҷамъоварии мавод ва наворбардории як қисми филм дар Москва сурат гирифтааст.
Зикр бояд кард, ки Нисор Муҳаммад низ дар радифи Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум гирифтори иғвову буҳтон гардида, дар Москва парронда мешавад.
 
 
ГИРОМИДОШТИ УСТОД ТУРСУНЗОДА ДАР ТИРМИЗ
Дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Тирмиз ба муносибати 110 - умин солгарди вассофи сулҳу дӯстӣ ва шоири маҳбуби тоҷик Мирзо Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тоҷикони вилояти Сурхондарё маҳфили адабиву фарҳангӣ зери унвони "Қосиди сулҳу дӯстӣ" баргузор гардид.  
Декани факултет Обидҷон Шофиев аз саҳми беназири устод Мирзо Турсунзода дар рушди равобити адабӣ ва дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ёдовар шуд. Ҳамчунин, дар маҳфил олимони шинохта аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессорон Абдунабӣ Сатторзода, Абдухолиқ Набавӣ ва доктори илми филология Нуралӣ Нурзод иштирок ва суханронӣ карданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 475
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед