logo

Хабарҳо

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

Китоби «Девони Душанбе - Тошканд» шеъру ғазалҳо ва мақолаҳои муаллифон Амрулло Нурализода ва Сайфулло Қулаевро бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ фаро мегирад. Ин маҷмӯа, ки таҷассуми дӯстии халқҳост,  ба ифтихори баргузории ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе армуғони шоиста аст.
Қисми аввали он дар бораи робитаҳои эҷодии адибони тоҷику ӯзбек нақл мекунад, ки ба қалами  Амрулло Нурализода, декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дахл дорад.
Китоб бо гузориши сафари расмии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз мегардад. «Ин сафар нахустин сафари расмии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамкориҳои минбаъда заминаи мустаҳкам гузошта, ба ҷашни ҳақиқии дӯстии мардумони ду кишвари бародар табдил ёфт», - омадааст дар китоб. 
«Дӯстии Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек», «Домулло Айнӣ ва адиби ӯзбек Абдулло Қодирӣ», «Дӯстии Турсунзода бо шоира Зулфия» аз матлабҳои дигари қисми аввали китоб ба шумор мераванд.  
Муаллиф Амрулло Нурализода таъкид намудааст: «Садриддин Айнӣ на танҳо хазинаи маънавии адабиёти тоҷик, балки хазинаи адабиёти ӯзбекро низ бо асарҳои дурдонаи худ ғанӣ гардондааст. Устоди табаррук ҳам бо асарҳои абадзиндаи худ ва ҳам ҳаёти шахсии худ, дӯстии азалии ду халқ – тоҷику ӯзбекро бо ҳамдигар наздик намуда, ба дарахти дӯстие, ки онро Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ шинонда буданд, умри дубора бахшид, ҳамхуну ҳамҷон будани ду халқро дар замони нав исбот намуда, дар серсамара будани ин дарахти дӯстӣ ҳиссаи беназир гузошт».
Қисми дуюми китоб, шеър ва ғазалҳои шоир, мунаққид ва журналист Сайфулло Қулаевро, ки   бо забони ӯзбекӣ эҷод шудаанд, дар бар мегирад. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 507
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед