logo

Хабарҳо

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ аз ноҳияи Сино  кумакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 1500 сомонӣ аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва 750 сомонӣ аз номи раиси ноҳияи Сино тақдим намуданд.
Ҳамин тариқ, аз кумакпулӣ шаш собиқадори ҷанг баҳраманд гашт. Дар зимн, шӯрои собиқадорони ноҳия низ онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр кард.
Хотиррасон менамоем, ки дар дигар ноҳияҳои пойтахт ҳам ба иштирокчиён ва маъюбони  ҶБВ чунин ёриҳо расонда шуданд.
 
 
НАТИҶАИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН 
ДАР БОРАИ ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ
Дар ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси  Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камичбек Ташиев баргузор шуд, зарурати тасвири ҳарчи зудтари хати Сарҳади давлатии ду мамлакат дар қисматҳои боқимонда таъкид гардид. 
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии № 135 то нуқтаи сарҳадии № 141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924 – 1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд.
Гурӯҳҳои кории топографӣ дастур гирифтанд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршуда аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.
Ҳамзамон, дар минтақаҳои Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон, инчунин, нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Ботканди Қирғизистон гурӯҳҳои кории тарафҳо то 17 майи соли 2021 ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои болозикр шурӯъ мекунанд.
Мувофиқа гашт, ки то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, бо мақсади ҳаракати бемамонияти шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва молҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибҳо роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло – Ворухро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян хоҳад кард.
Барои ҳарчи зудтар оғоз намудани сохтмони ин роҳ гурӯҳҳои кории топографӣ супориш гирифтанд, ки якҷоя бо ташкилоти лоиҳакашӣ тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Ботканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд. Баъди ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло – Ворух дар хамгашти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчигай) ба тасвири лоиҳавии хати Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон шурӯъ мекунанд.
Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи муштараки навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
 
 
ДУШАНБЕ – КОБУЛ.  БАРРАСИИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО
Дар шаҳри Кобул мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баргузор гардида, дар он перомуни ҳамкориҳои густарда ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя табодули назар сурат гирифт.
Муҳаммад Ҳаниф Атмар аз созмондиҳии сатҳи олии Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” дар Душанбе (29 – 30 марти 2021) изҳори сипос намуда, мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро дар ҳошияи конфронс бисёр бамаврид ва муфид хонд.
Дар вохӯрӣ, инчунин, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва энергетикии ду кишвар, истифодаи босамар аз стипендияҳои ҳарсолаи Тоҷикистон барои донишҷӯёни Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 445
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед