logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ № 1 - НЕЪМАТ ҚАРОБОЕВ

Аз музаффарияти халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 кунун 76 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи давлати абарқудрати шӯравӣ дар ин Ғалабаи бузург нақши созгор дорад. Дар ин ҷанг Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар ҷавонмардони хешро ба ҷабҳа сафарбар намуд ва аз ин теъдод 100 ҳазор нафараш дар набардҳо ҷон нисор кард. 
Дар задухӯрдҳои мудҳиш сарбозону афсарони диловар бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор гаштаанд. Яке аз мукофотҳои олии он айём унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ маҳсуб меёфт. Ин унвон 16 апрели соли 1934 бо Фармони Кумитаи иҷроияи марказии СССР таъсис ёфтааст. Барои нишон додани матонату қаҳрамонӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 11600 нафар аскару афсарони шӯравӣ бо ин унвони олӣ қадр шудаанд. 
Аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон нахустқаҳрамон, шердил Неъмат Қаробоев қаҳрамони № 1-и тоҷик мебошад, ки ин унвони олиро каме барвақт, 16 моҳ қабл аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 21 марти соли 1940 сазовор гаштааст…
***
Неъмат Қаробоев соли 1937 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, аввал дар округи ҳарбии Острови шаҳри Ленинград, дар собиқ полки савораи қисми ҳарбии 4679, баъд дар шаҳри Гайси Украинаи ғарбӣ ва Белоруссия хизмат кард. Соли 1939 ӯро ба округи ҳарбии Киев, ба полки 300 – уми тирандози дивизияи 7 – ум гузаронданд. Дар ҳайати ин полк, ки ба муқобили гвардиячиёни сафеди фин меҷангид, корнамоӣ нишон дод…
***
Суоле бармеояд, ки 16 моҳ қабл дар куҷо, дар кадом корзор, барои кадом корнамоӣ тоҷикписар бо ин унвони олии Ватан сазовор гаштааст. Оре, он корзорро «Ҷанги чормоҳа» унвон додаанд. Солҳои 1939 – 1940, возеҳтараш аз моҳи ноябри соли 1939 то 13 марти 1940 миёни Финляндия ва СССР задухӯрди мусаллаҳона идома кард.
Ҳукумати СССР 26 ноябри соли 1939 ба Ҳукумати Финляндия оид ба тирпарронӣ номаи эътирозӣ ирсол намуд. Тибқи изҳороти Иттиҳоди Шӯравӣ фитна аз ҷониби Финляндия ба амал омад. Ҷавобгарӣ барои оғози амалиёти ҳарбӣ пурра ба дӯши Финляндия гузошта шуд.
Ин ҷанг бо имзорасии Шартномаи сулҳи Москва анҷом ёфт. Дар натиҷаи он ба ҳайати СССР 11 дарсади масоҳати Финляндия, ки қисми зиёди ин ҳудудро Финляндияи куҳна ташкил медод, ҳамроҳ гашт. Ин ҳудуд, ки солҳои зиёд мутааллиқи Россияи подшоҳӣ буд, аз ҷониби Александри I чун иқдоми ҷавонмардона ба князигарии бузурги Финляндия туҳфа гардида буд…
Амалиёти ҷангӣ дар шароити зимистони қаҳратун сурат мегирифт. Дар айни ҷӯшу хурӯши ҷанг, ҳини задухӯрди хунрез бо финҳои сафед дар яке аз қитъаҳои фронт душворие пеш омад. Аз ин ҳолат финҳо рӯҳбаланд гашта қомат афрохтанд ва ба ҳуҷум гузаштанд.
Командири қисм изтироболуд ба Неъмати алоқачӣ бонг зад: «Дарҳол рухдодро муайян ва ба командири рота расонед, ки душманро боздошта, ба ҳуҷум гузаранд!».
Неъмат «Итоат!», - гӯён барқосо аз заминкани ситод бурун ҷаста, аз пайи иҷрои супориши ҷангӣ шуд. Дар барфи баланд, зери борони тир ва таркиши снарядҳои душман давидан душвор буд, аммо ӯ фикри хатарро аз сар бадар карда шитоб мекард.
Вай ҷароҳатбандиро ёд гирифта буд. Ҳангоми бозгашт аз хати пеш, пас аз расондани супориши фармондеҳӣ, назди сарбози ярадоре қарор гирифта, захми ӯро баст. Ҳини хазидан рӯ - рӯи барф шоҳинвор ба гирду вана назар меафканд. Агар медид, ки танке аз ҳаракат бозмондааст, он сӯ тоб хӯрда, мепурсид: «Чӣ шуд рафиқ?». Ва дар сурати зарурат ҳамсилоҳони онҳоро ёфта, супоришро мерасонд.
Агар бар сапёрон барои таркондани садди роҳ – деворҳои сангину яккамехҳои оҳанӣ овардани моддаҳои тарканда рост ояд, Неъмати чобук онро дастрас мекард.
Агар бегоҳӣ, ҳангоми задухӯрд ба аскарон бурдани ғизои гарм зарур меомад, боз ҳам ӯ ғизоро ба термос андохта, пуштора ба пеш мехазид. Ҷое дигар термосро гаваккашон болои барф ғел медод ё бо тасма ба мӯзаи намадиаш баста кашола мекард. Илоҷе карда ғизоро ба сарбозон мерасонд. Агар тир паррондан зарур меомад, бехато тир мезад. Неъмат мергани хуб буд ва инро ҳамяроқонаш низ медонистанд. 
Тоҷикписар чашми тарс надошт. Бесабаб ҳамсангарон ӯро «Неъмати бебоки мо» ном намебурданд. Дар ин бора Н. Тихонов дар очерки «Тоҷики бебок» (Маҷаллаи «Работница и крестьянка», 1941, №1, с. 8.) нигошта буд.
Дар рафти яке аз амалиётҳои якҷоя ба полк бо қисми ҳамшафат алоқа барқарор намудан рост омад, зеро сими алоқаро финҳо гусаста буданд. Ба алоқачии ғаюр Неъмат Қаробоев супориш шуд, то алоқаро барқарор намояд. Ӯ дар ҳудуди ишғолкардаи душман мехазид. Баногаҳ дар пешорӯи худ панҷ тан финро дид. Онҳо қасди зинда дастгир кардани ӯро доштанд. Неъмат мисли озодапаланг хез гирифта, сӯи финҳо ду норинҷак ҳаво дод. Панҷнафара ҷобаҷо ҳалок шуд. Ӯ алоқаро барқарор ва фармонро иҷро намуд.
Ҳангоми ҳамлаи қатъии Вичпур, ҳозира шаҳри Виборги Ленинград, фарзанди шуҷои халқи тоҷик Неъмат Қаробоев дар сафи пеши ҳамлаварон буд. Вай дар ҳарбу зарб бо ибрати шахсӣ ҳамяроқонашро рӯҳбаланд мекард.
21 марти соли 1940 гурӯҳи аскарону командирони советӣ, барои нишон додани мардонагию шуҷоат бар зидди финҳои сафед бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадр шуданд, ки дар ин саф Неъмат Қаробоев низ буд. 
Соли 1941 вай курси кӯтоҳмуддати омӯзишгоҳи ҳарбӣ – тирандози Сухумиро хатм намуд. Ҳини таҳсил командири бахши тарғиботии баталион буд.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ: аз ноябри 1941 командири взводи пулемётчиёни полки 56 – уми савора. Дар фронтҳои Ғарбӣ (ноябр – декабри 1941) ва Калинин (аз декабри 1941) бар зидди фашистони истилогар размидааст. Дар амалиётҳо – муҳорибаи Москва, Ржев – Вяземск ва Ржев – Сичевск иштирок намудааст.
22 июли соли 1941 лейтенанти хурд Н. Қаробоев командири взводи полки 88-уми эҳтиётии тирандозӣ буд. Баъдтар взводи ӯ дар назди Новороссийск бо душман дар набард шуд.
21 декабри соли 1941 вай дар яке аз муҳорибаҳои шадид маҷрӯҳ шуд. Ӯро баҳри табобат ба госпитали шаҳри Баржоми фиристоданд. Моҳи июли соли 1942 ҳангоми убури дарёи Дон, рахна кардани хати ҷабҳаи фашистон Неъмат Қаробоев аз тири душман захмӣ шуда, дар дарё ғарқ шуд.
Неъмат Қаробоевро пас аз марг бо ордени Ленин (21.3.1942) сарфароз намуданд.
Воқеан, ҳақиқати бебаҳс аст, ки марги нобаҳангоми ин шермарди тоҷик оғози зиндагии ӯ барои ҷовидона гардид. 
 
Умар ШЕРХОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2021    №: 92    Мутолиа карданд: 474
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед