logo

Хабарҳо

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара корҳои барқарорсозии манзилҳое, ки бар асари муноқишаи марзӣ хароб шуданд, оғоз ёфтанд. Ба иттилои хабарнигорони мо Фирӯзи Раҳмониён ва Ҷовиди Аштӣ, ки ҳоло дар деҳоти Чоркӯҳ қарор доранд, ба ин мақсад, аллакай, масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид. Ин дар ҳолест, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми як моҳ бояд манзилҳои харобгашта барқарор гардида, бо дастрасии тамоми лавозимоти рӯзгор ба соҳибонашон супурда шаванд. 
Тавре роҳбари ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии оқибати низоъҳои наздисарҳадӣ Маъруфҷон Муҳаммадзода, ба хабарнигорони мо иброз дошт, ки хисороти пешакии ин ҳодиса дар деҳоти Сомониён ва Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ, беш аз 11 миллион сомониро ташкил дод. Барои барқарорсозии 16 манзили харобгаштаи ин мавзеъҳо корҳои сохтмонӣ шурӯъ шуданд.  
Дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» раиси ситоди вилоятӣ таъкид дошт, ки масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, хишт ва чӯбу тахта дастраси сохтмончиён шуданд. Ҳамзамон, корхонаҳои истеҳсоли семент ва хишти Исфара таъмини саривақтии аҳолиро бо маҳсулоти зарурӣ ба зимма гирифтаанд. 
Нишон аз номуси ватандорист, ки чанде пеш бо ташаббуси Созмони ҷавонони вилоят, варзишгарон низ барои бунёди манзилҳои харобгардида  ба  аҳолӣ пайвастанд. Соҳибкорони бурунмарзии шаҳри Исфара аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Самара ва Пятегорск низ ҳамдами зарардидагонанд ва кумаки хешро дареғ намедоранд. Дар ин росто, ҳиммати баланди соҳибкор Сорбон Савриддинов, ки барои дастгирии 14 оилаи захмбардошта 500 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, шоёни таҳсину ибрат аст. 
 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 565
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед