logo

Хабарҳо

ВАРЗИШИ САБУК

ТОҶИКДУХТАР БА ОЛИМПИАДА МЕРАВАД, АГАР…
Гулсунбӣ Шарифова, давандаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Геннадий Арзуманов (Ӯзбекистон) масофаи 200 метрро дар 22,72 сония тай намуда, меъёри олимпиро (22,80) иҷро кард. Дар сурати тасдиқи он аз ҷониби Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ, Гулсунбӣ  роҳхати Бозиҳои олимпии Токио – 2020-ро ба даст меорад.
Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа 6 медал (4 тилло, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Гулсунбӣ Шарифова (масофаҳои 100 ва 200 метр), Фаворис Музрапов (100 метр) ва Алишер Пулотов (400 метр бо монеаҳо) бо медалҳои тилло мушарраф шуда, Фаворис Музрапов (200 метр) ва Одилшоҳ Исматов (800 метр) сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд. 
 
 
МАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СҲШ
ДУ МЕДАЛИ ДАВАНДАҲОИ МО
Давандаҳои тоҷик дар 9-ум Марафони байналмилалии Иссиқкӯл СҲШ (Чолпон-Атаи Қирғизистон) ду ҷои сеюмро гирифтанд. 
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Шокирҷон Мамейқулов дар марафон (42 километру 195 метр) ва Ҳасанҷон Акбаралиев дар ниммарафон (21 км 97 м) медалҳои биринҷиро ба даст оварданд. 
 
 
ДЗЮДО 
МЕДАЛИ НУҚРАИ СУНАТУЛЛО АЗ ҶОМИ ОСИЁ
Гӯштигири тоҷик Сунатулло Лоиқов (81 кг) дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни  наврасон ва ҷавонон (Алмато, Қазоқистон) соҳиби медали нуқра шуд. 
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сунатулло миёни ҷавонон то финал бар Бекзат Таугалиев, Батирхан Сакенов (ҳар ду Қазоқистон) ва Абдулло Ҷалолиддинов (Қирғизистон) пирӯз омад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони мизбон Аян Байгаз (чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон) мағлуб гардид.
 
ТЕННИС 
«ШОҲИ ГРУНТ» БОРИ 10-УМ ДАР «МАСТЕРС»-И РИМ ПИРӮЗ ШУД
Бар пояи маълумоти сомонаи eurosport.ru, ракеткаи сеюми ҷаҳон Рафаэл Надал (Испания) дар финали Чемпионати кушоди Италия оид ба теннис («Мастерс»-и Рим) теннисбози № 1-и сайёра Новак Ҷокович (Сербия)-ро бо ҳисоби 2:1 (7:5, 1:6, 6:3) шикаст дод.  
Бояд гуфт, ки ин 10-умин ғалабаи Надал дар Рим буда, дар умум, пирӯзии 36-умаш дар мусобиқоти «Мастерс» ба ҳисоб меравад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 513
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед