logo

Хабарҳо

"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. 
Ин иқдом аз соли 2013 ҳамасола дар Осорхонаи миллӣ бо барномаҳои наву ҷолиб рӯи кор меояд ва  тамошобинон аз ҳазорҳо экспонатҳои таърихӣ ройгон дидан менамоянд. Кормандони осорхона аз рӯи нақшаи махсус барномаҳои гуногуни фарҳангӣ - фароғатӣ таҳия карда, ба муштариён пешниҳод месозанд.
Имсол дар робита ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ яке аз барномаҳои чорабинӣ бо номи “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” пешниҳод гашт, ки дар он намояндагони кишварҳои узви иттиҳоди мазкур гӯшаҳои хешро ба тамошогарон муаррифӣ намуданд. Соли 2021 - Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гашт. Бахшида ба ин сана барномаи “Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ” пешниҳод гардид. Барномаҳои шавқангезу ҷолиби зеҳнӣ ва  пурмуҳтаво хеле зиёд буданд ва тамошобинон аз хурд то бузург барномаҳои мувофиқи дили худро дарёфтанд. 
Баргузории “Шабе дар осорхона” гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон ба ин чорабинии байналмилалӣ сол ба сол бештар мегардад. Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамасола барномаҳои нав ба навро, ки писанди бинандагон мегарданд, пешкаш созанд. Ҳадафи асосии “Шабе дар осорхона” низ ҷалби ҳарчи бештари тамошобин ва ба ин роҳ боз ҳам бештар муаррифӣ намудани осори таърихию фарҳангии ниёкон ва дастовардҳои ҳамзамонон  ба ҳисоб меравад.
Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо аз 18 майи соли 1978 ҷашн гирифта мешавад. Пешниҳоди ҷашни мазкур дар конфронси 11- уми генералии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо, ки дар шаҳрҳои Москваю Ленинград (Санкт-Петербург) соли 1977 баргузор гардида буд, аз ҷониби директори Осорхонаи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкини  Москва Ирина Антонова ба амал омадааст. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 532
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед