logo

Хабарҳо

Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Офатҳои табиие, ки дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар даҳаи аввали моҳи май ба вуқӯъ пайвастанд, сокинони водии Раштро бетараф нагузоштанд. 
Аҳолии  ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Рашт, Нуробод, Сангвор ба сокинони зарардидаи вилоят ашёи зарурии рӯзгор, аз қабили либос, пойафзол, кӯрпаю болин, маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристонданд.
Корвони пурбори мошинҳо, ки беш аз 40 тоннаро ташкил медод, ба зарардидагони вилояти Хатлон дастрас гардид.
 
 
С А Н Г В О Р.  50 ТОННА ТУХМИИ КАРТОШКА АЗ БЕЛАРУС ВОРИД ГАРДИД
Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корами  наздиҳавлигию хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат додани кишти зироатҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулот  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Тавре масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор иброз доштанд, тибқи нақшаи дурнамо соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1540 гектар ғалладонагӣ, 890 гектар картошка, 214 гектар сабзавот, 4 гектар полизӣ, 50 гектар зағир ва 52 гектар хӯроки чорво кишт мешаванд. Имрӯзҳо дар ноҳия кишти картошка бо маром ҷараён дошта,  дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 140 гектар ва дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқониву ҷамоавӣ  380 гектар картошкаи босифат кишт шудааст ва барои сари вақт гузарондани кишти картошка  ва дигар зироатҳо дар ҳудуди ноҳия 41 техникаи кишоварзӣ сафарбар гардидааст.
 Баҳри таъмини тухмии босифат ба кишоварзон ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Ҳарчанд захираи тухмии картошка дар хоҷагиҳои ноҳия 2200 тоннаро ташкил медод, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 тонна картошкаи навъҳои   “Манифест” ва  “Манка” аз Ҷумҳурии Беларус  ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 100 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид шудааст, ки талаботи  картошкапарваронро қонеъ мегардонад. 
Дар ноҳия 11 канали  обёрӣ мавҷуд буда, 1753 гектар заминро бо оби полизӣ таъмин менамояд. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  низ бо хоҷагидорон дар майдони 850 гектар шартнома бастааст. Барои сари вақт бо оби полизӣ таъмин намудани заминҳои корами обӣ имрӯзҳо корҳои тозакунии каналҳо идома доранд. 
Кишоварзони ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид ба кишти зироатҳо машғул буда, мехоҳанд дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузоранд.
 
 
 
Т О Ҷ И К О Б О Д.  ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду таъмири 77 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, то имрӯз 34 иншоот мавриди истифода қарор ёфт. 
 
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод зиёда аз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва ороишӣ шинонда шуда, сохтмони театри тобистона дар як гӯшаи боғ ва сафолакпӯш намудани роҳравҳои он дар арафаи анҷомёбианд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмунҳои «Беҳтарин деҳа ё маҳалла», «Оилаи намунавӣ», «Самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ», «Беҳтарин китобхонаи шахсӣ», «Беҳтарин муассисаи хизматрасонӣ» эълон гардида, дар арафаи ин ҷашн ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳо қадр мегарданд.
 

Дилшод АМИРОВ “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 462
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед