logo

Хабарҳо

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

 

«Коммерсантъ». Вохӯрии Президенти Россия Владимир Путин бо Президенти Беларус Александр Лукашенко 28 май дар назар аст. Чанде қабл шабакаи телевизионии «Россия 1» иттилоъ дод, ки сарварони давлатҳо дар Сочи гуфтушунид анҷом медиҳанд.
Рӯзномаи вохӯриро расман хабар надодааст.
Тибқи маълумоти манбаи «Коммерсантъ», ки ҷониби Беларусро намояндагӣ мекунад, сухан дар бораи кор оид ба нақшаи ҳамгироие меравад, ки аз соли  2019 чун «Барномаи фаъолияти Беларус ва ФР роҷеъ ба ҳалли вазъияти созишномаи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои Россия ва Беларус» унвон мешавад. 
Ин сафари сеюми Лукашенко ба Россия дар соли ҷорӣ мебошад.
 
 
Изҳороти сарвари Комиссияи аврупоӣ 
ТАСС. Иттиҳоди Аврупо ва Россия бо ҳам алоқаи зич доранд. Сарфи назар аз ҳама мушкилот бо ҳам ҳамсоя ва шарики тиҷоратии зарурӣ боқӣ мемонанд. Дар ин бора сарвари Комиссияи аврупоӣ  Урсула фон дер Ляйен зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти рӯзи аввали саммити Иттиҳоди Аврупо  дар Брюссел иттилоъ дод.
«Россия дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, мо аз  роҳбари дипломатия Жозеп Боррел дархост намудем, ки дар бораи Россия ҳисобот пешниҳод  созад, то ки дар асоси  он бо Россия муносибатамонро роҳандозӣ намоем», - гуфт ӯ.
 
 
СҶТ аз пандемияи нав огоҳ мекунад
ТАСС. Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус изҳор намуд, ки  дар рӯи Замин мумкин аст пандемияи нав сар занад. Он аз вируси SARS-CoV-2 ҳам хатарноктар хоҳад буд.
Сарвари СҶТ зимни суханрониаш дар оғози сессияи  74 - уми СҶТ зикр намуд, ки бар вирус танҳо дар сурате ғолиб меоем, ки агар якҷо фаъолият барем ва муттаҳид гардем. Пандемия барои ҳамаи кишварҳо душмани умумӣ маҳсуб меёбад.
Бино ба гуфтаи Гебрейесус, алҳол маъракаи эмкунӣ аз пандемияи коронавирус идома дорад, вале имкониятҳои кишварҳо баробар нестанд. Ҳамин тавр, ваксина баробар тақсим намешавад ва дар баъзе мамлакатҳои дар ҳоли рушд, ҳатто ҳанӯз эмгузаронӣ шурӯъ нашудааст.
 
 
Даъвати Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ
ТАСС. Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки таъҷилан нақшаи куллӣ оид ба таъмини баробари дастрасӣ ба ваксинаи зидди коронавирусро таҳия намоянд ва ба ҳолатҳои фавқулодаи нави куллии тандурустӣ омода шаванд. 
«Барои ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамраъйии оянда таъмини шароити мувофиқ зарур аст», - изҳор дошт ӯ дар муроҷиати видеоӣ ба иштирокдорони Ассамблеяи 74 - уми ҷаҳонии тандурустӣ дар Женева.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 477
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед