logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

Ҳар сол 1 июн  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат унвон карда, ғамхорӣ дар ҳаққи насли навраси ояндасози кишварро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа медонанд.
Тавре котиби комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдакони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара Фарҳод Шарифзода иттилоъ дод, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон аз тарафи кормандони комиссия чораҳои дахлдор андешида мешаванд. 
Айни замон дар 52 муассисаи таълимии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият дошта, 1600 кӯдакро фаро мегирад. Ҳоло дар ноҳия чор муассисаи таълимии томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ амал мекунад, ки дар онҳо 40 мураббӣ  730 кӯдакро таълиму тарбия менамояд.          
Давоми соли сипаригашта ва панҷ моҳи соли ҷорӣ барои табобату истироҳат дар беморхонаҳои ноҳия ва фароғатгоҳҳои кишвар ба 260 кӯдак ва шахсони маъюбу ниёзманд роҳхат дода шудааст. Ҳамзамон, тайи панҷ моҳи соли равон соҳибкорони ватанӣ ятимонро ба маблағи 102 ҳазор сомонӣ бо хӯрокворию сарулибос таъмин карданд. 
Дар баробари ин, аз роҳбарияти корхонаи «Ғаюр Семент» ба 10 ятими ноҳия, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат» сарулибоси варзишии мактабӣ ва кумакпулӣ тақдим гардид. 
- Имсол ҳам ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои тарбиятгирандагони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ дастархони идона ороста, барномаҳои ҷолиби фарҳангию фароғатӣ таҳия намуданд ва ба кӯдакон туҳфаҳо эҳдо карданд, - афзуд Фарҳод Шарифзода.  
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 280
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед