logo

Хабарҳо

Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

Известия. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров зимни кушодашавии конференсияи оид ба муносиботи байни Россия ва Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, изҳор кард, ки Россия иқдомҳои эҳтимолии  ғайридӯстонаи Иттиҳоди Аврупоро беҷавоб намегузорад.
Лавров зикр кард, ки Россия ба ҳамкории шаффоф ва баробарҳуқуқ бо ИА омода аст. 
- Ин маънои онро надорад, ки мо иқдомҳои нави муғризона, кӯшиши аз мавқеи қувва гуфтугӯ  ва мудохила кардан ба корҳои дохилиро бе аксуламал мегузорем. Чунин иқдомҳо тарҳрезӣ мешаванду дар ин бора, аллакай, ошкоро мегӯянд ва ин тасмимоти онҳо бе ҷавоб нахоҳад монд,- изҳор кард Лавров. 
 
 
ВАО: «Ҳукуматдорони Чин се фарзанд доштанро иҷозат доданд»
 
ТАСС. Ҳукуматдорони Чин қарореро қабул намуданд, ки тибқи он оилаҳои чинӣ метавонанд се фарзанд дошта бошанд.  Дар ин бора агентии «Синхуа»   хабар додааст. Бино ба маълумоти агентӣ, қарори мазкур дар ҷамъбасти ҷаласаи Кумитаи марказии Партияи коммунистии Чин қабул гардид. Санаи ба ҳукми қонун даромадани он муайян нагардидааст. 
Аз миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, дар ҶМЧ роҳи сангини маҳдудияти таваллуднамоиро пеш гирифта  буданд. Бо баъзе истисноҳо ба оилаҳо доштани як фарзандро иҷозат медоданд. Дар ҳолати вайрон кардани қоида  волидонро ҷаримаҳои ҳангуфт интизор буд. Ҳамзамон, онҳоро аз хизматчии давлатӣ  ва    Партияи коммунистӣ озод менамуданд.  
Аз 1 январи  соли 2016 қонуне  мавриди амал қарор гирифта буд, ки мувофиқи он оилаҳои чинӣ метавонистанд,  соҳиби ду фарзанд шаванд.  
 
 
Даъвати Прага аз Москва
INTERFAX. RU. Чехия аз  Россия хоҳиш кард, ки онро аз рӯйхати «кишварҳои ғайридӯст» хориҷ намояд. Дар изҳороти сомонаи Вазорати корҳои хориҷии  Чехия зикр мешавад, ки «бидуни ин иқдом бозгашт ба робитаҳои дипломатии судманд ғайри имкон аст. Бинобар ин, дар бораи муътадилгардонии муносибот фикр бояд кард».
«Ба хотири паст кардани ташаннуҷи муносибатҳои дуҷониба, Ҷумҳурии Чехия аз ФР даъват ба амал меорад, ки аз ёдоварии Чехия чун кишвари мухолифи Россия худдорӣ намояд», - гуфта мешавад дар изҳорот.
 
 
Талаби Эммануэл Макрон аз ИМА ва Дания
Газета. Ру. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон пас аз дар ВАО пайдо гардидани иттилои ёрии Копенгаген ба ИМА дар хусуси пинҳонӣ гӯш кардани суҳбати сиёсатмадорони аврупоӣ тавзеҳот талаб кард.
«Ин  амал дар миёни иттифоқчиён ғайри қобили қабул аст»,- иброз дошт ӯ.
Қабл аз ин, вазири мудофиаи Шведсия Петер Хултквист аз Вазорати мудофиаи Дания талаб намуд, ки марбут ба иттилои паҳншуда дар ВАО гузориши комил ироа намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 280
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед