logo

Хабарҳо

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

Аз 24 то 28 майи соли равон, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои инсонӣ, идомаи анъанаи неки бунёдкорию созандагӣ ва таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар бо сокинон, хусусан ҷавонону наврасон, вохӯрию мулоқоти судманд анҷом дод.
Аз ҷумла, гурӯҳи таблиғотӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб бо роҳбарии Хурсанд Сидиқзода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иборат аз 15 нафар  бо ҷалби тақрибан 8 ҳазор нафар ҷавонону наврасон қариб 50 вохӯрӣ доир намуд. Ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллию инсонӣ,  идомаи амалҳои созандагию ободонӣ, расидан ба қадри заҳмату ҷонфидоии фарзонафарзандони миллат ва пешгирӣ аз фиребу дасисаи  гурӯҳҳои ифротӣ мавзӯъҳои асосии мулоқот бо сокинон буданд. 
Ба гуфтаи Хурсанд Сидиқзода, ин ташаббуси маънавӣ имконият медиҳад, ки гурӯҳи таблиғотӣ бо вазъи зиндагии ҷавонон ошноии бештар пайдо намуда, ба онҳо моҳияту арзиши муҳимтарин рукни давлатдории миллӣ - Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои беназири ин даврон таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон возеҳу равшан баён шаванд.  
- Истиқлолият барои ҳар як миллат неъмати бебаҳо ва боарзиштарин рукни давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ин дастовард барои ҳар як миллат, аз ҷумла мо - тоҷикон, мояи ифтихору сарбаландист. Ба шарофати ташаббусҳои ватандӯстона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мо аз як миллати парешону давлати харобгашта ба дараҷаи баланди ҳамдилию ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар рӯзҳои сар задани моҷарои марзӣ бо кишвари ҳамсоя аз саросари ҷумҳурӣ якдилона сар баланд кардани ҷавонони тоҷик шаҳодати гуфтаҳои болост. Дар маҷмӯъ, маҳз якдилӣ ва ваҳдати миллии мо буд, ки Тоҷикистони азиз аз як сарзамини дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба хоку хун оғӯшта имрӯз ба ҷумҳурии шукуфтаю рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст, - гуфт ӯ. 
Дар вохӯриҳо, ҳамзамон, адибону собиқадорони мамлакат Ҳақназар Ғоиб, Зафар Мирзоён, Иброҳим Исмоилов, Абдулло Ҳалимов, Аноргул Сафарова, устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Шарофат Худойдодова, Хуршед Қурбонов, Ҷаҳонгири Рустамшоҳ бобати худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, бавижа Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он суханронӣ намуданд.  Собиқадорон аз он ёдовар гардиданд, ки истиқлолият ва ҳифзи он барои миллати куҳанбунёди тоҷик ба осонӣ ба даст наомада, дар пайи он фарзонафарзандонаш, пеш аз ҳама, Пешвои миллат ҷонфидоию азхудгузаштанҳо нишон додаанд ва ин гавҳари бебаҳои давлатдории миллиро ҳимоя намуданд. 
Дар хотимаи мулоқоти судманд аз ҷониби хонандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фархору Муъминобод, ҷиҳати содафаҳму дилчасп омода кардани китобҳои дарсӣ, махсусан аз фанҳои физикаю информатика, кимиё, забонҳои модарию англисӣ ва таърих, ҳавасмандгардонии иштирокдорони олимпиадаҳои фаннӣ, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  пешниҳодҳо сурат гирифтанд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 237
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед