logo

Хабарҳо

ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

ТАСС. Муносиботи Чину  Россия бо суръати баланд ва дар сатҳи олӣ рушд менамояд. Дар ин хусус вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И дар муроҷиати видеоӣ ба иштирокдорони конференсияи байналмилалии «Россия ва Чин: ҳамкорӣ дар давраи нав» изҳор намуд. 
Ба гуфтаи ӯ, «дастгирии ҳамдигар ҳамеша асоси бовари муносиботи дуҷониба буда, тарафҳо   доимо манфиатҳои калидӣ ва рушди онҳоро дастгирӣ менамоянд».  
-20 сол қабл мо шоҳиди лаҳзаи таърихӣ – ба имзо расондани Аҳднома дар бораи ҳамҷавории нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Россия ва Чин гардидем. Аҳдномаи мазкур "таҳкурсӣ, асоси муносиботи нек байни ҳар ду давлат гашт. 20 сол нишон дод, ки муносиботи дуҷониба ба ҳамаи  озмоишҳои замони нав тоб овард",- гуфт Ван И.
 
 
Клаус Эрнст аз таҳримоти ИА бар зидди Беларус интиқод кард
АИР «Новости». Сарвари кумитаи оид ба иқтисод ва энергетикаи бундестаги Ҷумҳурии Федеролии Олмон (ҶФО) Клаус Эрнст изҳор кард, ки Иттиҳоди Аврупо набояд бар зидди Беларус таҳримот ҷорӣ намояд. Бояд аз аксуламали ҷавобии ҳукуматдорони Беларус вобаста ба ҳолати фавқулодаи  ҳавопаймои ширкати Ryanair  андеша кард.
Ба гуфтаи роҳбари кумитаи бундестаги ҶФО, ӯ ҳамеша фаъолона ба тарафдории қатъи таҳримоти зидди Россия баромад мекунад, чунки он ба рушди иқтисоди Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Федератсияи Россия, инчунин, ҳамкории минбаъдаи ҳар ду кишвар халал мерасонад.
 
 
Суҳбати телефонии Путин бо  Макрон ва Меркел 
Лента. Ру. Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва Канслери Олмон Ангела Меркел имконияти ташкил намудани вохӯриро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар «формати нормандӣ» баррасӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Сарвари Россия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон хабар дод.
«Дар рафти суҳбатҳои телефонӣ Путин, Макрон ва Меркел якчанд маротиба зарурати фаъол намудани корҳо ва ташкил кардани  вохӯриҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аммо  санаи дидор муайян нагардидааст», -  гуфт намояндаи Кремл.
 
 
Теъдоди сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш ёфт
ТАСС. «Тӯли ҳафтаи гузашта шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ  ва фавт аз COVID – 19 дар ҷаҳон  коҳиш ёфт: зиёда аз 3,5 миллион сироятшуда ва беш аз 78 ҳазор ҳолати марг, ки мутаносибан 15  ва   7 дарсад   аз ҳафатаи пешина кам мебошад»,- зикр гардидааст дар бюллетени ҳафтавори эпидемиологии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
То 30 май дар ҷаҳон 169 604 858 ҳолати сироятшавӣ ва 3 530 456 ҳолати марг ба қайд гирифта шудаст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 253
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед