logo

Хабарҳо

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

 
Мир24. Президенти Россия Владимир Путин ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда,  ба муҳим будани эмгузаронӣ бар зидди коронавирус ишора намуд.
- Эмгузаронӣ  ниҳоят зарур аст ва мо дар ин бора бо шумо бисёр гуфта будем. Ҳар қадаре метавонам, мекӯшам ин раванди барои солимии ҷомеа муҳимро дастгирӣ намоям,- гуфт Путин дар рафти ҷаласа бо аъзои Ҳукумат тариқи видеоконференсия.
Сарвари Россия, инчунин, ёдрас шуд, ки худаш эм шуда, дар натиҷа масунияташ баланд гаштааст. 
- Аз ин рӯ, - таъкид дошт Путин, - он чи ки зарур аст, бояд дарҳол анҷом дода шавад. 
 
 
Мулоқоти Президенти Қазоқистон бо Сарвазири Ӯзбекистон
CentralAsia (KZ). Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев 2 июн Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифовро ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус сомонаи «Акорда» хабар додааст.
Сарвари давлат ба ҳолати ҳозираи ҳамкориҳои дуҷониба, ки дар шароити муосири таҳдидҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рушд аст, баҳои мусбат дод.
- Ҳамкориҳо миёни  кишварҳоямон бағоят муваффақона ва ҷавобгӯ ба мувофиқаҳои ҳосилшуда нумӯ менамоянд. Мо таваҷҷуҳи аввалиндараҷаро ба рушди ҳамкориҳо бо ҳамсояи дӯстамон Ӯзбекистон равона месозем ва  инро омили асосии таъмини устуворӣ ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем, - зикр кард президент.
 
 
Вазирони тандурустии G7 пешгирии пандемияҳои навро баррасӣ менамоянд
ТАСС. Тавре агентии РА хабар медиҳад,  вазирони тандурустии Британияи Кабир , Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон зимни дидори дурӯзаи худ дар Оксфорд масъалаи коҳиш додани пайдоиши пандемияҳои нави ҷаҳониро баррасӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумла, муайянсозии пешакии хавфу хатарҳое, ки ба солимии ҳайвонот ва  муҳити зист таъсири бад мерасонанд, мавзӯи баҳси вазирон қарор хоҳад гирифт, зеро онҳо ин масъаларо аз нуқтаи назари ҷилавгирӣ  аз паҳншавии беморӣ зарур меҳисобанд. 
Чуноне Агентии РА дақиқ менамояд, аъзои «ҳафтгона» тасмим доранд, ки дар ин бора бо дигар кишварҳо низ музокирот баргузор намоянд.
 
 
Пас аз вохӯрӣ дар Женева муносиботи ИМА ва Россия муътадил мешавад?
Известия. Дар сурати мусбат будани натиҷаи вохӯрии президентҳои Россия ва ИМА 16 июн дар Женева,  шояд сафирони ҳар ду кишвар аз машварат баргардонда шуда, ба фаъолияти дипломатиашон идома бахшанд. 
Ҳамин тавр, ҷонибҳо омодагиашонро ба муътадилсозӣ ва ё, ақаллан, дар сатҳи кунунӣ нигоҳ доштани муносибаташонро нишон хоҳанд дод,- бо истинод ба яке аз манбаъҳои муътамад хабар медиҳад «Известия». 
Дар ҳамин ҳол котиби матбуоти Президенти ФР  Дмитрий Песков гуфтааст, ки бозгашти сафирон ба фаъолияташон ҳам имконпазир асту ҳам ғайриимкон.
Ба ақидаи коршиносон, зимни вохӯрии Владимир Путин ва Ҷозеф Байден буҳрони Украина ва Беларус, вазъ дар атрофи Эрон, ҶХДК, ҳамкорӣ дар Арктика ва ҷангҳои дипломатӣ  аз мавзӯъҳои асосӣ хоҳанд буд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 267
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед