logo

Хабарҳо

ФУТЗАЛ

Мавсими нав 19 июн оғоз мегардад
Лигаи футзали Тоҷикистон 19 июн бо ширкати тимҳои «Сипар» (Хуҷанд), «Соро компания», «Истиқлол», «Пойтахт», «Амонатбонк» (шаҳри Душанбе) ва «Самандар» (шаҳри Турсунзода) оғоз мегардад, - хабар доданд аз департаменти футзали ФФТ.
Дар даври аввал «Истиқлол» бо «Самандар», «Соро компания» бо «Амонатбонк» ва «Пойтахт» бо «Сипар» вомехӯранд.
 
 
ДЗЮДО
Чемпионати ҷаҳон охирин имкон барои гирифтани роҳхати олимпӣ
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо (6 – 13 июн, Будапешт,  Маҷористон) Тоҷикистонро паҳлавонон Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Шукрона Қарчиева (-48 кг) намояндагӣ мекунанд. 
Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо, чемпионати ҷаҳон охирин имкон барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио – 2020 буда, дар он 706 гӯштигир (мард ва зан) аз 132 мамлакат ширкат хоҳанд кард. 
Барои ғолиби мусобиқа 2000 хол ва зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 1400 ва 1000-холӣ дода мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки дзюдогари номвари тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо сабаби осеб бардоштан дар Чемпионати ҷаҳон ширкат намекунад. 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Беҳтаринҳои моҳи май аз «Хатлон»
Пас аз натиҷагирии бозиҳои моҳи майи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ, Тоҳир Тағойзода (бозигар) ва Аслиддин Ҳабибуллоев (мураббӣ), ҳар ду «Хатлон» беҳтаринҳои моҳ эътироф гардиданд. 
Тоҳир Тағойзода дар се давр пайиҳам ба дарвозаи тимҳои «Равшан» (2:1), «Кӯктош» (2:0) ва «Истаравшан» (2:1) тӯб ворид намудааст. Тими «Хатлон» бо роҳбарии Аслиддин Ҳабибуллоев дар чор бозӣ се ғалаба ва як мусовӣ кард. 
Ҷоизадорон пеш аз оғози бозии даври 10-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои «Файзканд» ва «Хатлон» бо мукофотпулӣ қадр мешаванд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 252
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед