logo

Хабарҳо

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳо баргузор шуда истодаанд. Яке аз чунин чорабиниҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки соли сеюм аст таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ба хотири ҳар чи беҳтару бештар ҷалб намудани аҳолии кишвар ба китобхониву донишандӯзӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар истгоҳҳои пойтахт нуқтаҳои китобпаҳннамоӣ (ҷевонҳои китоб) таъсис додаанд, ки бисёр саривақтӣ ва, ҳамзамон, мувофиқи мақсад мебошад.
Нахустин нуқтаи китобпаҳннамоӣ (китобхонаи хурди сайёр) дар шакли ҷевони китоб дар истгоҳи Сирк, дар рӯ ба рӯи бинои Гулистон рӯзи 27 майи соли 2021 ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он 42 китобу маҷалла доир ба соҳаҳои мухталифи дониш ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва ӯзбекӣ гузошта шуданд. Дар пештоқи ҷевон навиштаҷот зери унвони «Хондани китобҳо ба эмону виҷдони шумо вобаста аст» насб шудааст. Дар ду тарафи ҷевон бо чунин суханон ба истифодабарандагони нуқтаи китобпаҳннамоӣ муроҷиат шуда: «Шаҳрвандони муҳтарам! Эҳтиромона хоҳиш менамоем пас аз мутолиа китобҳоро боз ба ҷевон баргардонед, то ки дигарон низ аз онҳо истифода намоянд». Мушоҳидаи истифодаи нахустин нуқтаи китобпаҳннамоӣ дар давоми ду рӯз нишон дод, ки мусофирон, шаҳрвандони пойтахт бо назари нек ба чунин навгонӣ муносибат карда, то омадани нақлиёти мусофирбар ба китобҳои дар ҷевон гузошташуда шинос шуданд ва баъзе аз мусофирон аз фурсати мувофиқ истифода карда, ба мазмуну муҳтавои порча ва ё қисмати китобҳо шинос гаштанд. Баъзе аз мусофирон китобҳои ба завқи хониши онҳо созгорбударо ҳамроҳи худ гирифта рафтанд. Умед аст, ки пас аз мутолиа онҳоро бармегардонанд. Мутобиқ бо дастури раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷевони китоб пайваста аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаву ташкилотҳои дар қаламрави ноҳия амалкунанда ва шаҳрвандони ноҳия бо китобу маҷалла ва дигар маводи хонданбоб таъмин мешавад. Вазифаи чунин нуқтаҳои китобпаҳннамоӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди китобҳо доир ба мавзӯъҳои гуногуни илм буда, бо ташаббуси фаъолони ҷомеа, равшанфикрон, олимону адибон, китобдӯстон ва волонтёрон бояд китобҳо бо таври ихтиёрӣ аз аҳолӣ ҷамъоварӣ шавад ва ба нуқтаҳои китобпаҳннамоӣ, ки бештар дар ҷойҳои серодам – истгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва мавзеъҳои таърихӣ таъсис меёбанд, гузошта шаванду шаҳрвандон вазифадоранд, ки баъд аз мутолиа китобҳои аз ҷевонҳои сарироҳӣ гирифтаро бозпас гардонанд, то шаҳрвандони дигар аз онҳо истифода намоянд.
 
Ҳамин тавр, пайдоиш ва ба фаъолият шурӯъ намудани шаклҳои нави китобхонаҳои сайёр аз ҳар ҷиҳат барои ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ мусоидат хоҳанд намуд.  
 
Шариф КОМИЛЗОДА, номзади илми педагогика, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 153
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед