logo

Хабарҳо

СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

- Тибқи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рӯирост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории кишвар боиси ҷавобгарӣ мегардад. Мутаассифона, таҷрибаи судии ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои об дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Суғд собит намуд, ки истифодаи дурусти об ва сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи он аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад. Тайи се соли охир, дар маҷмӯъ, 32 даъво ба маблағи 11 миллиону 519 ҳазору 400 сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят ворид гардида, аз ин танҳо 12 даъво ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ иҷро гардид.
Бо зикри ин нукта муовини раиси cуди иқтисодии вилояти Суғд Раҳмоналӣ Исмоилзода, дар доираи суҳбати гирди миз вобаста ба мавзӯи «Мушкилоти об дар пешорӯи ҷаҳон» ва «Баррасии баҳсҳо оид ба масоили об дар судҳои иқтисодӣ» гуфт, ки бо назардошти аҳамияти об ба сарсабзиву шукуфоӣ ва зироатҳои кишоварзӣ, он неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар мамлакат ва сокинонаш мебошад. Рушди тамоми соҳаҳои афзалиятнок аз фарҳанги дурусту истифодаи мақсадноки он вобаста аст. Сари вақт пардохт намудани маблағи оби истифодашуда омили пешбарандаи иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад. 
- Мутаассифона, таҳлилу санҷишҳо ва таҷрибаи судии судҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Суғд нишон медиҳанд, ки дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи об, ҳамчунин, сари вақт барнагардондани маблағи хаққи истифодабарии он мушкилоти зиёд ҷой доранд.
Ба таъкиди Раҳмоналӣ Исмоилзода, агар аз як ҷониб истифодаи нодурусти тақсимоти об ва сари вақт пардохт нагардидани маблағи истифодашудаи он бошад, омили дигар ин омӯзиши нопурраи даъвоҳо аз ҷониби судяҳои суди иқтисодӣ ва бемасъулиятии обистифодабаранда, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар иҷрои уҳдадориҳои худ миёни обтаъминкунанда – ассотсиатсияҳо боиси сар задани чунин ҳолатҳо гардидааст. Аз ҷумла, бо назардошти мавҷудияти мушкилот дар самти сари вақт пардохт накардани маблағи об ва фаъолияти ғайриқаноатбахши ассотсиатсияҳо, ки ягона ниҳоди миёнарав дар бахши обтаъминкунӣ ва пардохтҳои аъзоҳаққиву ҷамъоварии маблағ мебошанд, аз соли 2018 то имрӯз иҷрои 17 ҳолати рӯёндани маблағи оби истифодашуда дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Бо вуҷуди ин, ассотсиатсияҳо бо даъвоҳои комилан беасос обистифодабарандагонро барои сари вақт пардохт накардани ҳаққи маблағи об сабабгор медонанд. Ҳоло он ки ҳангоми баррасии даъвоҳо маълум мегардад, ки обистифодабаранда ҳаққи маблағи обро сари вақт дар доираи шартномаи ҳамкорӣ пардохт намудааст, аммо ассотсиатсияҳо маблағи ҷамъоваришударо ба идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо намесупоранд, ки оқибати ин амал ба пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ имкон медиҳад. 
- Танҳо дар 5 моҳи соли ҷорӣ 2 даъво барои баррасӣ ба маблағи 178 ҳазору 730 сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят ворид гардида, ҳар ду даъво бо сабаби ҷой доштани мушкилоти болозикр қисман ба манфиати даъвогарон қонеъ гардонда шуданд,  - гуфт номбурда. 
 
Муҳаммад САИДВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 626
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед