logo

Хабарҳо

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт (7 июни соли равон) вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат масъалаи вусъат бахшидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бори дигар таъкид намуданд. Ин аст, ки сокинони ноҳияи Нуробод дастуру супоришҳои Пешвои  миллатро сармашқи кор қарор дода, талош доранд, ки дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Кишоварзӣ шуғли асосии аҳолӣ ва соҳаи афзалиятнок дар ноҳияи Нуробод маҳсуб ёфта, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин самт пешравиҳои куллӣ мушоҳида мешаванд. Дар ноҳия аз 5 ҳазору 123 гектар майдони умумии кишт 826 гектар замини корами наздиҳавлигӣ мебошад. Аҳли заҳмат ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надода, онро мақсаднок истифода мебаранд. 
Тавре Додихудо Ширинов, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия, иттилоъ дод, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 5123 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1646 гектар ғалладона, 184 гектар зироати техникӣ, 2018 гектар картошка, 247 гектар сабзавот, 1028 гектар хӯроки чорво гузаронда шудааст. Агар масоҳати майдонҳои кишт соли 2019 дар ноҳия 4 ҳазору 687 гектарро ташкил намуда бошад, соли равон ин рақам ба 5 ҳазору 123 гектар расонда шуд. Имсол майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 1022 гектар зиёд буда, нашъунамои он низ хуб ба роҳ монда шудааст. 
- Дар ноҳия 930 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола садҳо нафарро ба корҳои мавсимӣ ҷалб мекунанд. Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Абдувақоъ” яке аз хоҷагиҳои калонтарин ва намунавии ноҳия ба шумор меравад. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат имсол дар хоҷагӣ майдони кишти картошка васеъ карда шуд, - иброз дошт номбурда.         
 
Гулнисои САЪДОНШО,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 306
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед