logo

Хабарҳо

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

 
Дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва шарикони рушд  як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардида, зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтару хубтар мегардад.
 
Шурӯъ аз соли 2019 тавассути барномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, инчунин, саҳми аҳолии деҳот ҷиҳати бехавф намудани мавзеъҳои тармафароӣ тибқи зерлоиҳаи биоинженерии “Бунёди агроҷангал дар мавзеи  тармафароии Ялмии деҳаи Сафедмун”  (собиқ деҳаи Капалӣ) 8000 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуда, атрофи боғ бо симтӯр маҳкам гардид, ки маблағи умумии хароҷот 224696 сомониро ташкил дод. Дар ин замина, зерлоиҳаи “Пешгирии кӯчиши хок дар мавзеи Ялмии деҳаи Фатҳобод тариқи ниҳолшинонӣ”- бо дастрасии  5000 ниҳоли дарахтони  мевадиҳанда ва сояафкан, 169 адад симтӯр, 845 дона пояи оҳании симбандӣ ва 450 кг тухмии эспарсет ба маблағи умумии 132863 сомонӣ дастрас шуда, зерлоиҳа тибқи барнома амалӣ гардид. Чунин лоиҳаҳо баҳри пешгирӣ аз кӯчиши замин дар деҳаи Сари Пул бо маблағи 37068 сомонӣ ба итмом расида, дар деҳаи Ғанишоб дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Пешгирии  шусташавии роҳи мошингузар  ва канали оби полизии Дараи Нӯшор ба маблағи 206120 сомонӣ идома дошта, умед аст, ки рӯзҳои наздик анҷом меёбад. Ҳамасола бо фаромадани тарма дар деҳаҳои наздикӯҳӣ, махсусан дар  мавзеи Зулқар ба аҳолӣ ва заминҳои кишоварзии онҳо  зарар ворид мегардид. Баҳри бартараф намудани мушкили сокинон дар ин мавзеъ ҳам бо маблағи умумии 50178 сомонӣ садди зиддитармавӣ бунёд гашт.
Ҷиҳати таъмини сокинон бо оби нӯшоӣ дар деҳаи Сафедмуни Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об бо маблағи 310000 доллари ИМА 500 хоҷагӣ бо об таъмин гардид, ки сокинонаш солиёни зиёд аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд.
- Муҳимтарин дастоварди деҳаи мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ, сохтмони хати оби нӯшокӣ аз мавзеи Сурхкӯҳ то деҳа дар масофаи 16 км ва 56 км дар дохили деҳа мебошад,- мегӯяд раиси деҳаи Капалӣ Мустаон Ваҳобов. - Ин тарҳи обёрии хона ба хона буда, панҷсад нуқтаи об бо ҳисобкунакҳои обӣ дар хонаи ҳар сокини деҳа таъмин карда шудааст. Дар баробари дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, мардум ҳаммомҳои замонавӣ сохта, онҳоро бо таҷҳизоти муосир барои гарм намудани об таъмин карданд. 
Имрӯзҳо сохтмони хати оби нӯшоӣ дар деҳаи Сари Пули Ҷамоати деҳоти Нӯшор бо маблағи 340000 доллари ИМА бомаром идома дорад, ки баъди ба анҷом расидани он тамоми аҳолии деҳа ба оби ошомиданӣ дастрасӣ меёбад. 
Таъмини сокинон бо оби полизӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.  Соли равон канали оби полизии деҳаи Сари Пул бо маблағи 202747 сомонӣ  аз тарафи Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон, Фонди тоҷикистонии Оғохон дар минтақаи Рашт ва саҳми сокинон ба маблағи 75000 сомонӣ  таъмир гардид. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон, Фонди  тоҷикистонии  Оғохон  дар минтақаи Рашт дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод тибқи нақшаҳои таҳияшуда дар  соли рафта дар 15 деҳаи зерҳадафи барнома корҳои фаҳмондадиҳӣ, нақшагирӣ ва амалишавии зерлоиҳаҳоро гузаронда кӯшиш намуданд, ки бо сафарбарии аҳолии деҳоти зерҳадафи барнома  иҷрои зерлоиҳаҳоро  таъмин намоянд.    
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ рушд ёфта, ҳамасола таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағгузории соҳа бештар мегардад, ки ин омил боиси бунёд гардидани муассисаҳои  нави тиббӣ дар ноҳия, махсусан, дар деҳаҳои баландкӯҳ  мегардад. Айни замон, сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Дараи Нӯшор ва Оби Сафед бо маблағи умумии 80000 доллари ИМА дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Солҳои зиёд буд, ки сокинони деҳаҳо роҳи зиёдеро тай намуда, барои ташхису табобат ба маркази ноҳия меомаданд. Сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ самараи соҳибистиқлолии  кишвар ва ғамхории давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад. 
Мувофиқи зерлоиҳаи “Ба занбӯриасалпарварӣ ҷалб намудани занону ҷавонон” имсол ба сокинони деҳаи Дараи Назарак ба маблағи 62002 сомонӣ ва бо саҳми 40 дарсад ба соҳибкорон таҷҳизоту маводи зарурӣ дастрас гардиданд. Сокинони деҳаи баландкӯҳ имрӯзҳо барои ба даст овардани асали тозаи кӯҳистон камар бастаанд.
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии мардум, обод гаштани инфрасохтори деҳот, таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ва пайдоиши ҷойҳои нави корӣ  боис гардид. Дар ноҳия бо мақсади тақвияти ҷалби сармоягузорӣ лоиҳаҳои ҷадид таҳия шуда истодаанд.
 
Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 408
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед