logo

Хабарҳо

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

 
Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону хоҷагидорони шаҳр, доир ба тартиб ва қоидаҳои бақайдгирии содироткунандагон семинари машваратӣ баргузор шуд.
Ғафурҷон Собирзода, муовини раиси шаҳр, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шаҳри Турсунзода дар баробари истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ, аз қабили алюминийи аввалия, инчунин, ба содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангури хушсифат ба хориҷи кишвар табдил ёфт. Содироти ангури хушсифат аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, баргузории чорабинии мазкур дар самти содироти маҳсулот равшанӣ меандозад.
Дар ҷараёни машварат аз ҷониби намояндагони Агентии содирот оид ба низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо маълумот манзур гардид. Ба иштирокдорон тартиби пур кардани маълумот дар низомнома фаҳмонда шуд. Зикр гардид, ки низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP) барои содагардонии расмиёти савдо такон бахшида, ба кам кардани хароҷоти вақт ва маблағҳои вобастаи амалиёти содиротии субъектҳои содироткунанда мусоидат менамояд. Ҳамчунин, барои бархӯрдории субъектҳо аз имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо ҳангоми аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои онҳо содирот кардани мол ба таври доимӣ имкон медиҳад. 
Айни ҳол дар шаҳр ҶДММ “Боғи Сомон” ва ҶДММ “Меваю сабзавоти Турсунзода” шаҳодатномаи Агентии содиротро доир ба номнавис шудан дар низоми бақайдгирифташудаи содироткунандагони Иттиҳоди Аврупо ба даст овардаанд.
Ғ. Собирзода гуфт, ки тибқи маълумоти кишоварзон соли равон ҳосили ангури хушсифат дар токзори шаҳр нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд буда, масъалаи муҳим содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Барои содироти маҳсулот бошад гирифтани декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷати сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, шаҳодатномаи мутобиқати стандартӣ ва дигар санадҳои зарурӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. 
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади дастгирӣ ва сарфа намудани вақти кишоварзон дар самти содироти маҳсулот дар назди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз ҳисоби мутахассисони соҳаи гумрук, “Тоҷикстандарт” ва дигар мақомоти дахлдор таъсиси дафтари кориро роҳандозӣ намудааст. Дар ин замина, аз ҷониби мутахассисон омода кардани ҳуҷҷатҳо ва декларатсияи маҳсулот дар маҳал иҷро гардида, ҳамлу нақл ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулот осонтару дастрас аз маҳали истеҳсол ба содирот равона мегардад, - иброз дошт муовини раиси шаҳр. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 365
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед