logo

Хабарҳо

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолии деҳот ва ташкилоту идораҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт бо неруи барқ ҳамасола тадбирҳои судмандро мавриди амал қарор медиҳад. Аз ҷумла, дар баробари иқтидорҳои мавҷуда тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар минтақа 7 неругоҳи барқи обӣ бунёд шуда, хатҳои барқу зеристгоҳ ва даҳҳо трансформатор таъмиру барқарор гардиданд, то дар масъалаи таъмини муштариён бо неруи барқ ягон мушкилӣ эҷод нашавад.
Тавре Фазлиддин Раҳмон-бердиев, роҳбари техникии қитъаи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, давоми ду соли охир ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар ин самт ба иҷро расида, ҳоло ҳам корҳо идома доранд. Феълан барои фаъолияти муътадили муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳанг, корхонаҳо ва аҳолии ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор дар як шабонарӯз 614 ҳазор киловатт-соат неруи барқ дода мешавад, ки барои таъмини соҳаҳои хоҷагии халқи минтақа пурра басанда аст.
Мутаассифона, пардохти ҳаққи истифодаи барқ дар ноҳияҳои зикршуда хеле ташвишовар аст. Аз ҷумла, ба ҳолати 1 апрели соли равон бақияи қарзи барқи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои ноҳияи Лахш 15 миллиону 493 ҳазор сомонӣ, Тоҷикобод 10 миллиону 220 ҳазор, Рашт 21 миллиону 963 ҳазор ва Нуробод беш аз миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 51 миллион сомониро ташкил дод ва ҳоло ҳам ин шумора меафзояд.
Гуфта мешавад, ки дарозии хатҳои интиқоли барқи гуногуншиддати минтақаи Рашт дар умум 3673 километрро ташкил намуда, аз ин 3317 километр бо пояҳои чӯбин насб гардиданд, ки солҳои 60-уми қарни гузашта бунёд шудаанд. Аз 63808 пояи чӯбӣ, ки бештараш дар мавзеъҳои баландкӯҳ ҷойгиранд, 31 ҳазору 544 адади он кайҳо хизмати худро адо карда, дар ҳолати садамавӣ ва корношоям қарор доранд.
Бо мақсади рафъи мушкилоти мавҷуда барои сари вақт пардохт намудани барқи истифодашуда ва кам кардани бақияи қарз дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод ниҳодҳои дахлдори соҳаро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, маблағи барқро сари вақт пардохт намоянд, то қисматҳои таъмирталаби хатҳои интиқоли барқ таъмир карда шаванд.
 
Худодод ЗАЙНИДДИН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 361
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед