logo

Хабарҳо

«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

 
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳамзамон, узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё бо Усама Аш-Шафар, президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё, мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мусобиқаи байналмилалӣ «Tour de Tajikistan» нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гарданд.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот, муаррифии дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, пешниҳоди хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ, зебоиҳои табиати нотакрори ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад.
Зимнан, барои дар сатҳи баланд ташкил намудани мусобиқоти варзишии сатҳи байналмилалӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот созмон дода, корҳои омодагиро роҳандозӣ намоянд.
 
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ
Медали таэквондочибонуи тоҷик 
Моҳру Ҳалимова, таэквондочии тоҷик, дар Чемпионати Осиё (Бейрут, Лубнон) оид ба таэквондо (ВТФ) сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон, Моҳру Ҳалимова муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас, дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрда, ҷои сеюмро гирифт.
 
 
ТАЭКВОНДО
Чемпионати ҷаҳон лағв шуд
Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо – 2021 (Уси, Чин, 12 – 18 октябр) мавқуф гузошта шуд.
Созмони таэквондои ҷаҳонӣ (WT) иттилоъ додааст, ки ин иқдом бо сабаби тасмими Чин дар бораи баргузор накардани чорабиниҳои васеи байналмилалӣ дар соли равон ба иллати пандемияи коронавирус, сурат гирифтааст. Санаи нави чорабинӣ баъдан эълон хоҳад шуд.
- Мо ба хотири таъмини амнияти иштирокчиён тасмим гирифтем, ки Чемпионати ҷаҳонро ба таъхир андозем ва, бешак, ин қарори дуруст аст,  - гуфт президенти WT Чонгвон Чоу. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 405
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед