logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

«Эсхата» дар садри ҷадвал
Дар бозии марказии даври 10-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ тими «Истиқлол» дар майдонаш «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.
Тавре аз Лигаи футбол хабар доданд, дар рақобати дигари давр «Равшан» дар сафар бар «Кӯктош» бо натиҷаи 2:1 ғалаба кард. 
Натиҷаи вохӯриҳои дигар: «Файзканд» – «Хатлон» – 1:2, «Эсхата» – «Душанбе» – 3:1 ва «Истаравшан» – КМВА – 2:1.
Пас аз ин давр, дар садри ҷадвали чемпионат бо 17 хол тими «Эсхата» қарор дорад.
 
 
ВАРЗИШИ САБУК
5 медали варзишгарони тоҷик аз Қазоқистон
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар ХХХ мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов (Алмаато, Қазоқистон) соҳиби 5 медал (тилло, нуқра, 3 биринҷӣ) гаштанд, - хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпӣ.
Мусобиқоти имсол дар сатҳи нав - Continental Tour Bronze Label бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 13 давлат: Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Қатар, Малдив, Миср, Малайзия, Нидерландия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва Эрон баргузор шуд.
Медали тиллоро Илдар Аҳмадиев (дар ҷаҳиш ба дарозӣ) ба даст овард. 
Дар эстафетаи 4х100 Фаворис Музрапов, Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов ва Григорий Дерепаскин соҳиби зинаи дуюм гардиданд. 
Се медали биринҷиро Абдурауф Мусоев (партоби гулӯла ва гурзандозӣ) ва Илдар Аҳмадиев (дав 100 метр) гирифтанд. 
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ  қадр шуданд. 
 
 
«TAEKWONDO BEIRUT OPEN»
Муҳаммадҳасан нишони биринҷӣ гирифт
Таэквондочии тоҷик Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии «Taekwondo Beirut Open» (19 – 21 июн) сазовори медали биринҷӣ гашт.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо (ВТФ)-и кишвар, Муҳаммадҳасан то нимфинал бар Итику Петер Осаро (Нигерия), Нурлан Мирзобоев (Қазоқистон) дастболо шуда, дар даври нимниҳоӣ аз таэквондочии ӯзбек Никита Рафалович мағлуб гардида, мақоми сеюмро касб кард.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 318
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед