logo

Хабарҳо

Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

 
Мир24. Президенти Россия Владимир Путин зимни вохӯрӣ бо вакилони Думаи давлатӣ масъалаҳои пандемияи коронавирус ва сатҳи паҳншавии онро дар кишвар  мавриди баррасиву таҳлил қарор дод.
- Баҳор ва тобистони соли гузашта, вақте вазъият басе мураккаб, пешгӯинашаванда ва нофаҳмо буд, мо дар якҷоягӣ тавонистем суръати паҳншавии бемориро нигоҳ дорем,- зикр кард Роҳбари давлат.
Чуноне Президент қайд намуд, Россия муваффақ гашт, ки дар фурсати  кӯтоҳ системаи тандурустиро дар мубориза бар зидди коронавирус омода созад ва олимон ба коркарди ваксина ноил шаванд. 
 
Роҳбарони давлатҳои Россия ва Ӯзбекистон дар Москва мулоқот мекунанд
EA. 22 июн дар Москва таҳти раёсати Раиси Ҳукумати Россия Михаил Мишустин ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи дуюми комиссияи муштараки  сарварони ҳукуматҳои Россия ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Чуноне ки  хабар доданд, зимни ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба рафти омодагиҳои Россия ба  сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Москва дода мешавад.
Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти Ҳукумати ФР,  ҳамчунин, дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои Россияву Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, технологияҳои рақамӣ, тандурустӣ ва маориф матраҳ хоҳанд шуд.  
 
 
Блинкен дар конференсияи Рим масъалаи мубориза бо ДИ дар Африкаро баррасӣ менамояд
ТАСС. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар вохӯрии вазирони эътилофи байналмилалӣ оид ба мубориза бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» 28 июн дар Рим  масъалаи муқовимат бо ҷангиёнро дар Африка баррасӣ менамояд. Дар ин бора дар иттилоияи департаменти давлатӣ гуфта мешавад.
Вазирон роҳҳои фишороварӣ  ба боқимондаҳои "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия, муқовимат ба шабакаҳои террористон дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла Африкаро баррасӣ мекунанд. 
Департаменти давлатӣ таъкид месозад, ки ИМА хоҳони маҳви ҳарчи тезтари гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" мебошад.
 
 
Байден бо Ашраф Ғанӣ вомехӯрад
Синхуа. Намояндаи махсуси Қасри сафед Ҷен Псаки иттилоъ дод, ки Президенти ИМА Ҷо Байден 25 июн Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва раиси Шӯрои олӣ оид ба оштии миллӣ Абдулло Абдулоро ба ҳузур мепазирад.
«Ҳарчанд низомиёни амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк кунанд ҳам, ин вохӯрӣ шарикии устувору мустаҳками миёни ИМА ва Афғонистонро таъкид мекунад», - гуфта мешавад дар изҳороти Ҷен Псаки.
- ИМА ҳавасманди ёрӣ додан ба мардуми Афғонистон мебошад ва чун ҳарвақта бо Кобул ҳамкории зич дорад, то ки кишвар дигар ҳеҷ вақт паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористие, ки ба амнияти ИМА таҳдид мекунанд, нагардад, - афзуд ӯ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 410
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед