logo

Хабарҳо

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

 
Дар арафаи таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи  Ванҷ бо одамони касбу кори гуногун вохӯрда, хуб дарк кардем, ки мардум аз ҳама бештар дар хусуси дастгириҳо ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Роҳбари давлат сухан меронанд. 
Яке аз ҳамсуҳбатон собиқадори меҳнат Анвар Нилобеков бо қаноатмандӣ, гуфт,  ки ҳар сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ванҷ боиси хушҳолӣ ва дилгармии хурду калон мегардад, зеро хуб дарк кардаанд, ки  ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди  иқтисодӣ ва иҷтимоии диёр  ва рӯзгори  сокинони Ванҷ  пешрафт ва шукуфоии нав ба нав  меорад. Пешвои  муаззами миллат дар нахустин сафар муждаи  сулҳу салоҳро доданд. Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом   Неругоҳи барқи обии «Андарбак»-ро  ба кор дароварданд. Дар масири  шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма пули нақлиётгузари  мавзеи Сурхсанговро  мавриди истифода қарор доданд. Дар сероҳаи Ванҷ – Душанбе - Хоруғ макони нави истиқоматӣ бо номи шаҳраки Ваҳдат бунёд гашт. 
Ҳоло бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории Ҳукумати кишвар ва шарикони хориҷии рушд дар Ванҷ қариб 90 иншооти гуногун бунёд мешавад. Алҳол  корҳои сохтмонӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти кишвар дар авҷу барор  аст.
Пешвои муаззами миллат   ба аҳли деҳот  маслиҳат ва тавсия дода буданд, ки домони  боғистонҳоро васеъ намоянд. Коршиносон  пештар мегуфтанд, ки дар  подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон - манбаъҳои обҳои мусаффои  мамлакат   себу нок, туту зардолу ва гелосу олуболу  намерӯяд. Дар кӯтоҳтарин фурсат дастуру  супоришҳои арзишманди Роҳбари давлатро  ба ҷо оварда, дар  наздикии  қуллаҳои   сарбаланди Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино, дар деҳоти Мудехарву  Ғӯмаст, Сумгад, Поимазору Ванван ва Зайчу Жафак низ  анвои дарахтони  гуногуни мевадор хуб нашъунамо меёбанд. Домони боғистонҳои саросари Ванҷ  имсол низ, бо вуҷуди сармоҳои шадиди  фасли зимистон ва аввали баҳор, пурмева мебошанд ва аҳли деҳот бештар аз 11 ҳазор тонна мева  ба даст хоҳанд овард. Дар ин соли муборак ва таърихӣ меваи шаҳдбору лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ванҷ на танҳо ба бозорҳои мамлакат, балки ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.
Ҳамчунин, дастуру ҳидоятҳои  Пешвои  миллатро сидқан ба ҷо оварда, сокинони  Ванҷ аз ҳар ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ самаранок истифода мебаранд. Деҳқонон тайи чанд сол аст, ки дар майдонҳои  ҳосилашон бардошташуда кишти такрорӣ мегузаронанд ва дар ин кор ҳам муваффақ гашта истодаанд.  Ҳамасола    даҳҳо гектар киштзорон ва боғоти нав ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Файзу баракати даврони соҳибистиқлолӣ ба он мусоидат кард, ки дар ноҳия ҳашт иншооти обрасонӣ дар водиҳои Ванҷи Боло, Вотхуд  ва Язгулом мавриди истифода қарор гирифт. Имсол   нисбат ба солҳои пеш қариб ду баробар зиёд гандуми тирамоҳиву баҳорӣ,  зироатҳои лӯбиёгӣ, картошкаву сабзавот кошта,  ҳоло саросари киштаҳо нашъунамои хуб доранд. 
   
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, 
рӯзноманигор    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 352
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед