logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

 
ТОҶИКДУХТАР СОҲИБИ ҶОИЗАИ БА НОМИ АЛЕКСАНДР ЕЖЕВСКИЙ
Нигора Мирова, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ тухмипошии пневматикиеро ихтироъ намуд, ки кишт ва ҷамъоварии ҳосилро ба маротиб осон менамояд. Дар ин бора сомонаи Sputnik.tj  хабар додааст. 
Ба иттилои сомона Нигора барои ин ихтирои техникӣ бо Ҷоизаи миллии ба номи Александр Ежевскийи Федератсияи Россия, ки барои рушди техникаи кишоварзии ватанӣ нигаронда шудааст, қадр гардид.
Гуфта мешавад, ки ихтирои Н. Мирова писанди истеҳсолкунандагон шуда, ӯро  барои кор ба заводи техникаи аграрии Самара ва барои идомаи таҳсил ба Москва даъват кардаанд. 
 
НАЗДИКШАВИИ АСТЕРОИДИ ХАТАРНОК БА ЗАМИН
11 июл астероиди 2020  WU5,  ки  ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок шомил аст, ба Замин дар масофаи 24 миллион километр наздик меояд. Дар ин бора аз Институти астрофизикаи назди Академияи миллии илмҳо ба мо иттилоъ доданд.
Астероиди мазкурро олимон моҳи ноябри соли 2020 кашф намуданд. Муайян гардид, ки андозаи он тахминан 1 километр мебошад. Бо назардошти андоза ва наздикшавӣ ба Замин, ҷирми кайҳониро олимон ба гурӯҳи астероидҳои ба Замин хатарнок шомил намуданд.  
Зимнан, бояд ёдовар шуд, ки шоми 13 - 14 январи соли равон  астероиди 2020  WU5 ба Замин наздик омада буд. Ин лаҳза масофаи Замин ва астероид 8.1 миллион километрро ташкил дод, ки дар ин ҳолат бархӯрди он ба Замин ғайриимкон аст.
 
ОЛИМОНИ РУС ТЕХНОЛОГИЯИ САБТИ ХОБРО КАШФ НАМУДАНД
Олимони Россия гӯшмони нейрониеро офариданд, ки бо истифода аз он метавон хоби дидаи инсонро сабт ва баъдан барқарор намуд. 
Коршиносон ҳанӯз соли 2019 бори аввал  ба барқарор намудани тасвирҳое, ки ҳангоми хоб дар майнаи сари инсон пайдо мешавад, оғоз намуда, дар ин самт озмоиш гузаронда буданд. Ба ширкаткунандагони озмоиш наворҳои гуногун  нишон дода, дар ЭЭГ (ЭЭГ- фаъолнокии электрикии майнаи сарро меомӯзад) сабт намуданд. Тасвирҳои сабтшуда 90 дарсад дуруст баромаданд.
Интизор меравад, ки  гӯшмонҳо то соли 2025 ба фурӯш бароварда шуда, мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.  
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 361
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед