logo

Хабарҳо

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

 
Моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Истиқлол корхонаи металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сурбу 50 ҳазор тонна руҳ ва бо таъсиси 1,5 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шуда буд.
Аммо корхонаи мазкур чанд соли охир аз фаъолият боз монд. Роҳбарият ва мутахассисони он талош намуданд, ки мушкилоти дар фаъолият пешомадаро ҳарчи зудтар бартараф намуда, онро дубора ба кор андозанд. Ниҳоят бо талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чанде пеш корхонаи азими дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар он наздик ба 280 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
- Рӯзҳои аввали дубора ба фаъолият оғоз кардан мутахассисон изҳор доштанд, ки корхона ҳафтае қариб 20 тонна маҳсулоти хом тавлид хоҳад кард. Хушбахтона, феълан дар як ҳафтаи корӣ истеҳсоли маҳсулоти хоми сурб дар ин ҷо то ба 90 тонна расид, ки гувоҳи пешравии рӯзафзуни фаъолияти корхона  аст, - гуфт Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳр. 
Роҳбарияти ҶДММ "Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол" Лю Ал Ҷун, директори иҷроия ва Тан Йи Пин, директори корхона оид ба истеҳсолот, изҳори қаноатмандӣ карданд, ки дар сурати пеш наомадани мушкилиҳо, аз қабили қатъ шудани барқу об, суръати истеҳсолот боз ҳам афзоиш ёфта, моҳе то 2 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Тавре Тан Йи Пин, изҳор дошт: "Мақомоти маҳаллӣ талош дорад, ки барои равнақи истеҳсолоти корхона ҳамаи шароитҳоро бароямон муҳайё созад. Айни замон нисбат ба таркибу сифати маъдани истихроҷшаванда ягон шикоят нест. Ҳавасмандии харидорони металлургия ҳам ба маҳсулоти мо зиёд аст".
Ба гуфтаи Рӯзибой Сиддиқов, оператори печ, сокини шаҳр, ҳама хурду калон ба хубӣ дарк мекунанд, ки фаъолияти босуботу бомароми корхона такконбахши иқтисодиёту болоравии сатҳи зиндагӣ ва ободию хуррамии шаҳр аст. Коргарон бесаброна мунтазири ба фаъолият пардохтани он буданд ва боз хушҳол шуданд, ки соҳиби ҷои кору музди хуб мешаванд
Эҳёи корхонаи мазкур аллакай дар самти ободонӣ ва ҳалли масоили иҷтимоии шаҳр таъсири мусбат гузошт. Аллакай, дар ин ҷо бунёди кӯдакистони замонавии дорои 240 ҷой ҷараён дорад.
 
Ҷовиди АШТӢ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 370
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед