logo

Хабарҳо

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

 
Чунин ном дорад китобе, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 80-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ интишор ёфт. Он бори аввал мусоҳибаҳои шоирро бо журналистони дохилу хориҷи кишвар дар солҳои гуногун фаро мегирад.
 
Мураттиби китоб Боҳир Раҷабов, номзади илми филология, тазаккур додааст, ки мусоҳибаҳо ба ҷуз аз масоили шеъру адаб, нақду суханшиносӣ, ҳамчунин, масъалаҳои муҳимтарини сиёсат, иҷтимоъ ва фарҳанги замони Лоиқ Шералиро матраҳ мекунад. 
Мураттиби китоб нақди адабӣ будани меҳвари муколамаҳоро махсус таъкид карда, менависад: «Дар мусоҳибаҳо даҳҳо масъалаи ҳаётан муҳими адабиёт ва нақди адабӣ фароҳам омадааст, ки барои баровардани хулосаи саҳеҳ аз дунёи воқеии адиб, олами рангини ботини эҷодкор, шеваҳои нақд ва интиқод дар суҳбатҳои хоси адабӣ арзишманданд».
Ҷамъоварии мусоҳибаҳои Лоиқ Шералиро профессор Усмонҷон Ғаффоров оғоз карда, рӯйхати суҳбатҳои шоирро низ тартиб додааст. Аксари интервюҳо бори аввал аз радиову телевизион, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сарчашмаҳо вориди китоби «Дар суҳбати Лоиқ» шуданд. Ҳамзамон, ду мусоҳибаи донишмандону суханварони Арманистон ва Эрон низ бо шоир дар маҷмӯа омадаанд.
Ҳамчунин, ду муҳовараи Лоиқ Шералӣ, ки яке соли 1988 ва дигаре соли 1989 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (он замон «Тоҷикистони советӣ») интишор ёфтаву масъалаҳои худшиносӣ ва забони тоҷикии порсиро баррасӣ мекунанд, дар китоб ҷо дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Боҳир Раҷабов чанд сол пеш рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Публитсистикаи адабӣ - танқидии Лоиқ Шералӣ» дифоъ кард ва китоб давоми корҳои илмиву ҷустуҷӯии ӯст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 520
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед