logo

Хабарҳо

Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

 
Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар ҷаласа вазъи имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории мутақобилаи сохторҳои аъзои ситод ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Омили асосии хуруҷи навбатии бемориро мутахассисон дар бетаваҷҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муқарраргардида барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.
Вобаста ба ин, аз ҳар як сокини мамлакат риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.
Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонда мешавад, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинони мамлакат аз тадбирҳои ситоди ҷумҳуриявӣ  метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.
Тавре таъкид рафт, бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд,  қатъ шуданд.
Вобаста ба ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла  пурзӯр намудани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҳангоми гузарондани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин, бо мақсади пешгирии паҳншавии  беморӣ чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд.
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР.  Ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш густариш меёбад
Дар шаҳри Душанбе миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Қатар (АФҚ) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, - хабар доданд аз ФФТ.
 
Санадро президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва президенти АФҚ шайх Ҳамад ибни Халифа ибни Аҳмад ат-Танӣ имзо карданд.
Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносиботи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. 
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни созмонҳои футболи ду кишвар баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти худро барои ташкил ва гузарондани бозиҳои рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби мардон, бонувон, ҷавонон ва футзали ҳар ду кишвар ҳамоҳанг намоянд.
Ҳамчунин, таҳияи барномаи такмили ихтисоси мураббиён, рушди футболи бонувон ва оммавияти футбол, ҳамкорӣ дар самти маркетинг, тиб, доварӣ ва ғайра ба нақша гирифта шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 448
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед