logo

Хабарҳо

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Маркази миллии тестӣ барои онҳое, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистанд, мерасонад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои онҳо 12 июли соли равон мегузарад.
Шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳо (аз ҷумла, дар даври иловагии он) озоданд: ятимони кулл ва бепарасторони то 21 - сола, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд. Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 ва кӯдакони маъюбиятдошта аз пардохти 50 дарсади маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 озоданд.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1, 2 ё дар таваллуд маъюбият дошта, ҳам падар ё модараш вафот карда, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, аз пардохти маблағ пурра озод аст.
Даври иловагии имтиҳонҳо танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
 
 
ДУ ФИЛМИ ТОҶИКӢ ДАР ҚАЗОН
Филми «Насиб» - и коргардони тоҷик Шарофат Арабова дар Кинофестивали байналмилалии Қазон иштирок мекунад. 
Имсол дар ин синамобазм ду филм Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Дар бахши филмҳои мустанад филми ҳуҷҷатии «Беҳтарин» - и коргардон Муҳсин Раҳимӣ, ки филми муштараки Тоҷикистон ва Кувайт мебошад, қабул гардидааст. 
Филми "Насиб" истеҳсоли Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" буда, соли равон рӯйи кор омад.
 
 
«ФАНДНОМА» ЧОП ШУД
Дар нашриёти «Ирфон» китоби нави адиби тозакор Ҳакималӣ Назиралӣ – «Фанднома» нашр шуд.
Китоб ҳикояҳои ҳаҷвии солҳои охир иншошуда ва танзҳои рамзомези солҳои 80 - уми асри гузаштаи адибро фаро мегирад. Дар оғози маҷмӯа зикр мешавад, ки аксари ҳаҷвияҳои китоб солҳои шӯравӣ дар матбуот рӯи чопро дида, боиси вокунишҳои ҳазорон хонандагон гардиданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 402
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед