logo

Хабарҳо

ВОДИИ РАШТ

Ҳукумат манзилҳои бар асари заминларза  харобгаштаро барқарор месозад
Субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ, дар Тоҷикистон заминларза рух дод, ки дар ноҳияи Рашт қуввааш ба 5,9 балл баробар буд. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар дод, зилзила дар 165 километрии қисми  шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 километр то ноҳияи Рашт, дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайваст.
Мутаассифона, бар асари ин офати табиӣ хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. Панҷ сокини деҳаи Бӯстони деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расид. Дар деҳаҳои Бӯстон, Сари Чашма ва Кӯли Калон манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқу алоқа, дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоб 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари Шухони Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Маҳмадтоир Зокирзода ситоди фаврӣ ташкил шуд. Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқот бо зарардидаҳо зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми саъю кӯшиш баҳри дастгирии мардум кор бурда истодааст. Манзилҳои валангоргаштаи минтақаҳои осебдида пурра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд.
 
 
Тоҷикистон ва САҲА вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазири корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шведсия - Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Анн Линде ба таври маҷозӣ мулоқот намуд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, масъалаҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон дар меҳвари ин суҳбат қарор доштанд. Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи вазъи нигаронкунанда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон маълумот дод.
Зимнан саҳми Тоҷикистон ва нақши лоиҳаҳои минтақавӣ дар раванди эҷоди сулҳ ва эҳёи иқтисодӣ дар он кишвар муҳим арзёбӣ шуданд. Дар ин маврид нақши коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе ҷиҳати бозомӯзии онҳо дар масъалаҳои идораи сарҳадӣ дар минтақаи САҲА таъкид гардид.
Хонум Анн Линде омодагии САҲА-ро барои мусоидат ба ҳалли ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард. 
Тарафҳо барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби САҲА изҳори омодагӣ намуданд.
 
 
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон густариш меёбанд
Дар шаҳри Душанбе бино ба дархости ҷониби Эрон мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор шуд. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон  дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардида, перомуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
 
 
COVID - 19
Дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ сабт шуд
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон  38 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 21 нафар пас аз муолиҷа солим ба хона баргашт, - хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 11 июл дар кишвар 13834 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13535 нафар (97,8%) шифо ёфтааст. 
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сокинон даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 386
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед