logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом дод. Роҳбарони палатаҳои болоии парлумони ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ маҳсуб ёфта, муколамаи мунтазаму боварибахши сарварони ду кишвар барои тавсеаи муносибатҳои амалии дуҷониба ва такмили асосҳои ҳуқуқии он мусоидат менамояд.
Инчунин, масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи ҳарбию сиёсӣ ва ҳолати ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
 
 
Тақвияти ҳамкории бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия
Таҳия ва ба имзо расондани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Туркия, кушодани филиалҳои бонкҳои Туркия дар Тоҷикистон ва табодули таҷрибаи кормандони бонкҳои марказӣ метавонанд идомаи ҳамкории пурмаҳсули ду давлат бошанд. 
Чунин зикр кард раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл. 
Эмре Зекӣ Карагёл аз фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон бо изҳори хушнудӣ гуфт, ки ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.
Инчунин, тавсеаи шабакаи муносибатҳои корреспондентӣ миёни ташкилоти қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои корреспондентии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридот байни ду кишвар муҳокима гардиданд.
 
 
Мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода бо хонум Шэнни Кэмпбелл
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори кишварии Бонки осиёии рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шэнни Кэмпбелл мулоқот кард. 
Дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо атрофи амалишавии Лоиҳаи “Дастгирии расондани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва уқёнуси Ором” дар ҳаҷми 26,8 миллион доллари амрикоӣ, ки аз он 25 миллион доллар маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд ва 1,8 миллион саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, гуфтушунид анҷом доданд.
 
 
Филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба навор гирифта мешавад
Гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳия ва наворбардории филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ» мулоқоти маҷозӣ анҷом доданд. 
Гуфта шуд, ки филми мазкур бояд татбиқи сиёсати инсондӯстонаи сарварони ду давлатро ҷиҳати ба таври густурда инъикос кардани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек фаро гирад. Консепсияи филмномаи филми таърихиву ҳунарии «Дурахши ахтарон»-и Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор барои таҳия пешниҳод шуд. 
Дар вохӯрӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм», Фирдавс Абдухолиқов, директори Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, аз ду ҷониб олимону адибон, филмноманависон ва дигар мутахассисони соҳа иштирок ва ибрози ақида намуданд. 
Ғояи таҳия ва наворбардории филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев пешниҳод шуда, барои наслҳои ҷавон намунаи ибрату сабақи таърихӣ хоҳад шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 423
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед