logo

Хабарҳо

Аз нишастҳои матбуотӣ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ
Беш аз 800 эътирози прокурорӣ қонеъ гашт
Мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо дар нимсолаи аввали соли равон 3904 санҷиш гузаронда, 51765 санади эътиноии прокурорӣ қабул карданд. Дар натиҷаи санҷишҳо, 477 миллион сомонӣ зарари расонда барқарор ва 8928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Нисбат ба шахсони масъул 2299 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, ки 638 - тои онро ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ташкил медиҳад.
Ин нуктаро Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон расонд. Инчунин, Юсуф Раҳмон ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» ҷиҳати беэътиноии баъзе масъулон ба эътирозҳои прокурорӣ ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 800 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо прокурорҳо эътироз намудаанд. Ҳамаи эътирозҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор ба инобат гирифта, камбудиҳои ҷойдошта бартараф ва қарорҳои қабулгардида бекор шуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
ШИКОРИ МАРКО ПОЛО
Истифодаи 68 квота
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ҷамъбасти фаъолияти кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ иттилоъ дод, ки дар мавсими шикори солҳои 2020-2021 аз таъсири пандемияи COVID – 19 квотаи барои шикори ҳайвоноти нодир ҷудогардида пурра истифода нашуд. Масалан, барои шикори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло аз 105 квота ҳамагӣ 68 - тоаш истифода гардид. 
Чунин имконияти шикор барои шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар дар асоси тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, ки бештар ҳайвоноти синни аз 7- сола болоро фаро мегирад. Аз ҳисоби шикори ҳайвонот, аз ҷумла бузи морхӯр, ки 337 ҳазору 708 сомонӣ арзиш дорад, Буҷети давлатӣ ғанӣ гардонда мешавад. 
Ба гуфтаи номбурда, айни ҳол дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар ҳайвоноти нодир ҳифз шуда, барои нигоҳубини онҳо, бахусус дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сохтмони маркази нави ташхис ва муолиҷа дар масоҳати 10 гектар оғоз гардидааст. Ин аст, ки дар заминаи нигоҳдории ҳайвоноти нодир дар шаҳри Душанбе дар кӯтоҳтарин фурсат боғи ҳайвоноти замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 
 
 
24 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор гирифт
- Зиёда аз 24 ҳазор иншооти пешбинигардида дар кишвар, аз ҷумла иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ банақшагирифташуда, ки бештари онҳо ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш тааллуқ доранд, бунёд ва ба истифода супурда шуданд. Ба ин васила, даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор муҳайё гардид, - гуфт Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал, зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки рушди деҳот, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва технологӣ нисбатан нигаронкунанда аст ва дар баъзе маҳалҳо ташкили коммуникатсияҳои иттилоотӣ дар назар аст. Мушкилоти дигар таъминот бо оби нушокӣ, барқ, дастрасӣ ба соҳаи тандурустӣ, маводи техникӣ, инчунин соҳаи маориф мебошанд. 
Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият”
 
 
ШАҲРИ ВАҲДАТ
72 қонунвайронкунӣ вобаста ба замин
Давлат Холиқзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, зимни  нишасти хабарӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳраку деҳот 72 ҳолати қонувайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор гардид. Вобаста ба 67 ҳолат ба маблағи 27,3 ҳазор сомонӣ протоколҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ҷарима таъйин шуд. Инчунин, 5  мавод барои рӯёндани ҷарима ба суд ирсол гардид.
- Дар ин давра аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ширкати сайёҳии “Карон- тур” ва “Канаск- тур” таъсис ёфт. Дар нимсолаи аввали соли равон аз маконҳои сайёҳии шаҳр зиёда аз 13 ҳазор сайёҳ дидан намуд, ки 74 дарсадашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби онҳо ба муассисаҳои хизматрасонӣ 454, 7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, - зикр кард муовини раиси шаҳр.
Зикруллоҳ РАҶАБ, «Ҷумҳурият»
 
 
САНЪАТ РАҲИМ: 
“985 ҚОИДАВАЙРОНКУНӢ ОШКОР ШУД”
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2289 корхона ва 10096 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Тайи шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда 125 назорати техникӣ, 112 нақшавӣ ва 13 ғайринақшавӣ гузаронда шуд. Дар натиҷа 985 қоидавайронкунӣ ошкор гашт. 
Ин нуктаро зимни  нишасти матбуотӣ сардори хадамот Санъат Раҳим баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 125 санад - нишондод пешниҳод шуд. 
Гуфта мешавад, ки барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 177 кас ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 535 ҳазору 980 сомонӣ ҷарима гардиданд. - Сабабҳои ҳодисаҳои нохуш риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарии саноатӣ аз ҷониби шахсони масъули корхонаҳо, беаҳамиятии ҷабрдидагон, иҷро накардани вазифаҳои мансабӣ аз ҷониби кормандони муҳандисию техникӣ, ҳамчунин, ба таври дахлдор нагузарондани дастурдиҳии муқаддимавӣ оид ба техникаи бехатарӣ мебошанд. 
 
Кароматулло АТО,  
“Ҷумҳурият”
 
 
 
ДДТТ
Истеҳсоли таҷрибавии капсулаи желатиндор
Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар доираи лоиҳаи Рушди соҳаи таҳсилоти фармасевтӣ маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. 
Ректори донишгоҳ гуфт: «Олимони маркази мазкур бори аввал дар Тоҷикистон шакли таҷрибавии капсулаи желатиндор (желетиновая капсула) ва маводи доруӣ аз равғани моҳиро ба роҳ монданд. Таҷҳизоти нави воридшуда имкон фароҳам меорад, ки аз рустаниҳои гуногуни шифобахши кишвар ҳаб ва ҳар гуна изофаҳо омода ва истеҳсол намоем».
«Фарматсия» соли 2016 ба хотири ҳамгироии илм бо истеҳсолот таъсис ёфта, солҳои аввал ба бандубасти гиёҳҳои шифобахш машғул буд. Тавре таъкид гардид, дар ин муддат донишгоҳ ба хотири рушди соҳа заминаи техникии марказро пурқувват намуд, ки ин на танҳо ба беҳтар гардидани сифати таълим, балки дар рушди истеҳсоли доруи ватанӣ мусоидат менамояд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 436
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед