logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

СУДИ ОЛӢ
Баррасии наздики 85 ҳазор парванда дар ним сол
 
Дар нимсолаи аввали соли равон ба судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳо 84686 парванда ва мавод ворид гардиданд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
- Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 7612 адад гражданӣ, 22514 оилавӣ, 5991 ҷиноятӣ, 26031 маъмурӣ, 4161 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 4014 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муасссисаҳо ташкил медиҳанд, - афзуд Шермуҳаммад Шоҳиён.
Номбурда илова кард, ки судҳо бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳолатҳо, сабабу шароитҳои вайронкунии қонун 13425 таъйиноти хусусӣ бароварда, 388 ҷамъбасти амалияи судиро гузаронда, ба мақомоти дахлдор 660 пешниҳод ирсол намуданд. Бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳо дар фаъолияти судяҳо ва беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ТОҶИКСТАНДАРТ
Таҳияи стандартҳои  кишоварзӣ  омили рушди содироти маҳсулот
 
Бо мақсади мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва рушди содирот дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар 43 корхонаи ватанӣ ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва корҳои сертификатсионӣ ба сомон расонда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9 корхона зиёд мебошад. 
Ин нуктаро Абдулваҳобзода Темурҷон, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Тоҷикстандарт, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Дар агентӣ ва марказҳои зертобеи он айни замон барои содагардонии расмиёти содироти маҳсулот, аз ҷумла кишоварзӣ, ҷиҳати дар муҳлати камтарин, яъне давоми як рӯз, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва кӯтоҳ намудани вақти ташхис ба кишоварзону содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ монеа вуҷуд надорад. Дар ин давра нисбат ба 108 628 тонна меваю сабзавоти содиротӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронда шудааст.
Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ бо мақсади мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ таҳияи стандартҳои кишоварзӣ идома ёфта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тавзеҳоти  стандарти «Зардолуи тару тоза - FFV-02» ва стандарти «Гелос - FFV-13» таҳия ва лоиҳаи стандартҳои мазкур ба баррасии аъзоёни гурӯҳи кории минтақавӣ пешниҳод гардидааст. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
 
 
ММҚ
53 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузашт
Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузорӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 53 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронда шуда, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани онҳо, мукаммалу мушаххас гардондани механизми татбиқи қонунҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 300 таклиф манзур гардид.
- Дар асоси нақшаи кории марказ барои соли равон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» дар дигар қонунҳо бо мақсади дар оянда такмил додани меъёрҳои онҳо аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронда шуданд, - зикр кард Изатулло Саидзода.
Директори Маркази миллии қонунгузорӣ гуфт, ки дар ин давра бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ дар марказ 32 санади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инвертаризатсия гузашт. Таҳияи тавсияҳо дар бораи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ вазифаи дигари марказ буда, баҳри таъмини он тавсияҳо оид ба такмили як қатор қонунҳо омода ва барои нашр пешниҳод гардиданд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
Барномаи «Чеҳраҳои мондагор» аз рӯйи асари Пешвои миллат
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки шумораи барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилии донишгоҳ, ки тариқи мавҷи шабакаҳои телевизиони вилоят пахш мешаванд, 9 ададро ташкил медиҳанд. 
Бо таъкид ба аҳамияти таъмини амнияти иттилоотӣ ва пур намудани фазои садову симо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ, аз тасмими дигари раёсати донишгоҳ оид ба таҳияи барномаи «Чеҳраҳои мондагор», аз рӯйи асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир хоҳад гузошт. 
 
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 397
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед