logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21 ҳазор гектар замини обӣ ҳамчун лалмӣ истифода мешавад
Дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома перомуни тадбирандешиҳои кумита оид ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт берунмонда, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода афзуд: 
- То ҳол 21 ҳазор гектар замини обӣ ҳамчун лалмӣ истифода мешаваду зиёда аз 20 ҳазор гектар замини партов аз истифода берун аст. Сабабҳои инро мавриди таҳлил қарор додем. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ховалинг аз 2700 гектар замини обӣ, 70 – 80 дарсадаш ҳамчун лалмӣ дар истифода аст. Ин заминҳо тариқи чоҳҳои артизанӣ обёрӣ мешаванду 29 пойгоҳи обкашӣ корношоям аст. Тибқи дархости мо, бо иҷозати Сарвазири мамлакат барои обёрии ин заминҳо қариб 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои талаф ҷудо гардида, ҳоло корҳо рафта истодаанд. Аз 13 чоҳ 6 – тояш барқарор гардида, аз 500 гектар замин 250 гектараш шодоб гашт. Боқимондаи корҳоро то охири сол анҷом доданием. Дар деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ бошад, барои обёрии қариб 700 гектар замин як насос лозим, дар мавзеи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён 2 пойгоҳи обкашӣ, 100 метр қубур, 3 ҳазор метр ноқили барқӣ. Харҷи қубурҳои обкашии ноҳияи Муъминобод 2 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Айни замон фармоиши молиявӣ баромадаст ва то охири сол ин масъаларо дида мебароем. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
733 метр соҳил мустаҳкам гашт
Зимни нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ба саволи хабарнигори рӯзнома дар мавриди бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, бахусус дар самти соҳилбандӣ, масъулони агентӣ чунин посух доданд: 
- То ин вақт мустаҳкамкунии соҳил дар 733 метр анҷом пазируфт. Аз ҷумла, дар мавзеъҳои Ёқсу 85 метр, Чорчашма ва комбинати хиштсозӣ 175 ва 48 метр, Минтути сойи Тебалай 255 метр ва Даҳанасой 95 метр. 
Барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар сойҳои Тебалай,  Девонасой, Шӯраксой ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ лоиҳа омода шуда, барои таҳияи барнома ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод гаштааст. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик аз тарафи МД «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гарданд. 
Ба таъкиди мудири бахши сохтмон ва соҳилбандии агентӣ Шаҳло Содатсайрова, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба он минтақаҳое, ки қаблан бехавф буданд, ҳоло сел омада истодааст. Бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи барномаи нави соҳилбандӣ чунин минтақаҳоро ба он ворид карданианд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
АГЕНТӢ:
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН 22 097 НАФАР ЗИЁД ШУД
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки манбаи ягонаи даромади буҷети агентӣ мебошад, 1 миллиарду 669,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 104,2 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз маблағҳои ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа воридгардида, аз рӯи талаботи воқеӣ, 1 миллиарду 531,2 миллион сомонӣ барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ гузаронда шуд. 
- Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) ироа доштанд, ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли равон “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад, агентӣ айни замон корҳои омодагиро барои аз 1 сентябри соли ҷорӣ зиёд намудани андозаи нафақаи гурӯҳҳое, ки дар фармони мазкур пешбинӣ гардидааст, махсусан кӯдакони маъюби то 18 - сола, маъюбон аз овони кӯдакӣ ва маъюбони гурӯҳи якум амалӣ карда истодааст, - гуфт Дилмурод Давлатзода.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ДССХ
Таъсиси факултети муштарак
- Новобаста аз паҳншавии пандемия дар нимсолаи аввали соли 2021 аз тарафи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат 22 шартномаи ҳамкорӣ ва созишномаи ҳусни тафоҳум бо донишгоҳу донишкадаҳо ба имзо расонда шуд, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад, - гуфт Убайдулло Асрорзода, ректори донишкада, дар нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки бо ҳадафи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои давлатӣ аз 11 марти соли 2021 факултети муштараки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода шуда, дар он мутахассисон аз рӯи 3 ихтисоси риштаи сайёҳӣ омода мешаванд. Дар асоси муқаррароти шартномаи ҷонибҳо таҳсили донишҷӯён 2 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 сол дар Федератсияи Россия ба роҳ монда мешавад.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
 
 
МУРҒОБ
Рушди ноҳия ба саноати кӯҳӣ вобаста аст
Исрор Исрорзода, муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб, бо хушнудӣ зикр кард, ки агарчӣ зимистони имсола дар ноҳия ниҳоят сарду тӯлонӣ буд, аммо омодагии саривақтӣ ба ин фасли сол ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ имкон доданд, ки мушкилоти ҷиддие дар таъмини аҳолии ноҳия бо маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва фаъолияти муназзами муассисаҳои роҳсозӣ ва иҷтимоӣ эҷод нагардад. 
Муовини аввали раиси ноҳия вобаста ба саволи рӯзноманигорон мисол овард, ки фақат фаъолияти яксолаи корхонаи маъданкоркунии «Якҷилва» имкон дод, ки ба буҷети ноҳия як миллион сомонӣ ворид шуда, бо ин маблағ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳалли худро ёбанд. Аз 200 нафаре, ки дар ин корхона кор мекунанд, бештарашон сокинони маҳаллӣ мебошанд. Корхона ба иллати иқлими сарди минтақа соле ҳамагӣ 200 рӯз кор мекунад. Соли гузашта бар асари хуруҷи бемории коронавирус умуман фаъолият накард. Хушбахтона, аз охири моҳи майи соли равон корхона аз нав ба фаъолият оғоз кард. 
Исрорзода Исрор таъкид кард, ки рушди ин минтақаи кӯҳии кишвар, ба ноҳияи худмаблағгузор табдил додани он ба ташкил ва пешрафти саноати кӯҳӣ алоқаманд мебошад ва ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин самт қадамҳои устувор гузошта истодааст.   
 
 
 
ИШКОШИМ
Ҳаҷми маҳсулоти худӣ меафзояд
- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ноҳия бештар аз 29,8 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 15 фоиз баробар шуд. Бо вуҷуди мушкилоте, ки зимистони сарди имсола барои тамоми соҳаҳои хоҷагӣ, бахусус роҳсозон, барқчиён ва чорводорон ба миён овард, дар ин давра рушди босуботи иқтисодиёти ноҳия дар сатҳи лозимӣ нигоҳ дошта шуд, - гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ишкошим Мӯсо Мирзозода.  
Ба гуфтаи раиси ноҳия, нақшаи даромадҳои худӣ ба буҷет 105,3 фоиз иҷро гашт. Иҷрои нақшаи буҷет, ба ғайр аз андоз аз соҳибони нақлиёт таъмин гардид. Сабаби иҷро нашудани андоз аз ин намуд ба он алоқаманд аст, ки қисмати зиёди нақлиёти куҳнашуда, ки аз истифода баромадааст, аз қайди бозрасии давлатии автомобилӣ бароварда нашудааст. Барои аз миён бардоштани ин қазия комиссияи махсус дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил шуда, дар давоми ду моҳ ин мушкилот аз миён бардошта хоҳад шуд.
Барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мавсими имсола майдони кишти картошкаю сабзавот зиёд карда шуд. Барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии шарикони рушд имсол 9 амбор сохта ба истифода дода шуд. Ҷиҳати дар давоми сол таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза 53 гармхона дар масоҳати 1705 метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
 
 
 
ВАНҶ
Зиндагӣ рӯ ба рушд дорад
Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ноҳия дар нимсолаи гузашта, дар маҷмӯъ, қонеъкунандаанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди саноат, кишоварзӣ ва сохтмон нисбат ба соли гузашта 19 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми маҳсулоти саноат 44 фоиз афзоиш ёфт. Ин аз бисёр ҷиҳат ба фаъол гаштани корхонаҳои коркарди мармар, ҶДММ «Хрустал» ва муътадил фаъолият намудани шабакаҳои барқии ноҳия алоқаманд аст. 
Зикр рафт, ки иқтидори тавлидотии ҳамаи неругоҳҳои барқии ноҳия барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз кифоя нест. Айни ҳол неругоҳҳои барқии ноҳия, дар маҷмӯъ, 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, ки танҳо талаботи иҷтимоии сокинони  ноҳияро таъмин карда метавонанд. Ба гуфтаи ӯ, барои он ки дар ноҳия корхонаҳои пуриқтидори саноати кӯҳӣ сохта, ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр шурӯъ намоянд, беш аз 5,6 мегаватт қувваи барқ зарур аст. Изҳори бовар шуд, ки бо пайваст гардидани шабакаҳои энергетикии ноҳия ба шабакаи мутамаркази энергетикии ҷумҳурӣ, ки то охири соли равон пешбинӣ гардидааст, ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 448
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед