logo

туризм

ЛАХШ. ЧАРО АЗ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ БАРОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ИСТИФОДА НАБАРЕМ?!

Ноҳияи Лахш дар баландии  зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, беш аз 95 дарсади ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд ва барои рушди  соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ  хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ рушд намояд.  
Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  соҳаи туризм дар ҳоли рушд қарор дорад. 
Ҳамсола ба мавзеъҳои сайёҳӣ сайёҳони зиёде ташриф оварда, тавассути майдончаи ҳавоӣ кӯҳнавардон ба қуллаи Исмоили Сомонӣ раҳсипор мегарданд. 
Аҳолии ноҳия даромаднокӣ ва беҳтар кардани шароити иқтисодии худро дар мавсими сайёҳӣ дарк карда, ба сохтмони меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои замонавӣ шурӯъ намудаанд. Сокинон дар фурудгоҳ фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар армуғонҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш машҳур аст. Об аз таги замин фаввора зада баромада, 95 дараҷа гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз таги замин чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки дидани он ба ҳар шахс ҳаловати тоза мебахшад. Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб буда, дар кӯҳдоман  ҷойгир шуда, диққати садҳо сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. 
Дар деҳаи Қоштегирмони Ҷамоати деҳоти Сартало ҳавзи калон дар масоҳати 5 гектар ҷойгир аст. Ин ҳавз дар мавзеи ниҳоят зебо дар доманаи кӯҳҳо ҷойгир мебошад, ки назари ҳар сайёҳро ба худ ҷалб месозад.
Дар деҳаи Ҷилондии Ҷамоати деҳоти Сурхоб дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҳавзи Кабуд дар масоҳати 45 гектар ҷойгир буда, аз дигар ҳавзҳо бо хусусиятҳои ба худ хос фарқ мекунад. Яке аз хусусиятҳои ҳавз дар он аст, ки оби он пурра кабуд мебошад ва он оби софу шаффоф аст. Дар ин ҳавз ягон намуди моҳӣ ва дигар ҷондорҳои обӣ вуҷуд надоранд. Аз оби мусаффои он аҳолии деҳаи Ҷилондӣ ҳамчун оби ошомиданӣ истифода мебаранд.
Дар натиҷаи истифодаи оқилона ва  самараноки чунин захираҳои бойи табиӣ ва аҳамияти бештар додан ба таъмини шароитҳои зарурӣ, сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъ ҷалб мегарданд, ки дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳайё гардида, барои даромади иловагӣ ба буҷети маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам омад.
 
Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2021    №: 147    Мутолиа карданд: 7174
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед