logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

САЪДӢ ҚОДИРЗОДА:
«Барои соҳибкорон барномаи нави дастгирии давлатӣ роҳандозӣ мешавад»
Тайи шаш моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ зиёда аз 276 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ҷумла, аз Чин 104 миллион, Люксембург 66,8, Туркия 13,5, Швейтсария 13,1, Арабистони Саудӣ 10,6 миллион доллар. Сармояи молиявии аз Чин воридшуда асосан ба соҳаи коркарди канданиҳои фоиданок ва аз Люксенбург барои  беҳбудии  бахши молиявии давлат равона гардид.  
Дар ин хусус Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Номбурда, ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба татбиқи барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ изҳор дошт, ки тибқи мониторинги масъулони кумита ин тарҳи давлатӣ беш аз 90 дарсад ба иҷро расид. Дар доираи он саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 50 дарсади соли 2012 имсол ба 69 дарсад расид. Ҳамзамон, барномаи нави дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои давраи солҳои 2021 – 2030 қабул хоҳад шуд, ки он асосан такмили инфрасохтори соҳаҳои истеҳсолӣ ва фазои сармоягузориро дар бар мегирад. 
  
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ДУШАНБЕ
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ расид
Дар нимсолаи аввали соли равон 526 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 119,6 дарсадро ташкил дод. 
Ин нуктаро Амирхон Қурбонов, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон расонд.
- Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр ба 2,4 миллион доллар расид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, коркарди чӯбу тахта, табъу нашр, фарматсевтӣ ва дигар самтҳо афзоиш ёфтааст, - афзуд Амирхон Қурбонов.
Таъкид шуд, ки бо назардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин гашт. Мувофиқи маълумоти пешакӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 8,3 миллиард сомонӣ баробар гардид (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,7 дарсад зиёд шудааст) ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,8 дарсадро дар бар гирифт.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶИҲАТИ ДАСТГИРӢ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН
Бо мақсади дастгирии соҳибкории занон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5 “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 - 2025” аз 332 лоиҳаи воридгардида 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.
Дар ин бора Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари духтарон ба хизмати давлатӣ ва сатҳи роҳбарикунанда кумита курси омӯзишии 6 - моҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” – ро бо иштироки 43 донишҷӯдухтари аълохону лаёқатманд ҷамъбаст намуда, ба 20 нафари онҳо стипендияи кумита дода шуд. Дар оянда низ чунин курсҳо бештар роҳандозӣ мегарданд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
 
 
ВАРЗИШ
91 медал ва 72 иншооти нав дар шаш моҳ
Новобаста аз вазъияти баамаломадаи пандемия дар нимсолаи аввали соли равон 96 варзишгар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 91 медал ба хазинаи варзиши мамлакат ворид карданд. Аз ин шумора 26 медали тилло, 34 нуқра ва 31 биринҷӣ мебошад. Ин нуктаро Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Гуфта шуд, ки кумита дар ин давра баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим 21 688 чорабинӣ бо фарогирии беш аз якуним миллион нафар доир кардааст.
- Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 72 иншооти варзиш, аз ҷумла 51 майдонча, 17 толор, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 2 маҷмааи варзишии маркази солимгардонӣ бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, - гуфт Абдулло Раҳмонзода.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
БА 518 МУРОҶИАТ ОИД БА НОМГУЗОРӢ ХУЛОСА ПЕШНИҲОД ШУД 
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”, ки аз 27 июли соли 2016, № 325 тасдиқ гардидааст, дар назди кумита комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод фаъолияти худро ба роҳ мондааст. 
Мавсуф зикр намуд, ки то ин дам кумита ба 518 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод намудааст.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 61500 истилоҳ (3 луғатнома, 17 барномаи таълимӣ ва 4 маводи таҳлилию дастурамал) мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтааст. Кумита ҷиҳати инъикоси фаъолиятҳои марбут ба забон маҷаллаи илмӣ – оммавии “Забон ва истилоҳот” – ро таъсис дод, ки дар арафаи чоп аст.
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ТОҶИКИСТОН БА НИЗОМИ 12 - СОЛАИ ТАҲСИЛОТ МЕГУЗАРАД!?
Дар нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба саволи «Оё зинаи таҳсили 12 - сола дар Тоҷикистон ҷорӣ мешавад  ё не?», Шоҳин Саидзода, директори агентӣ, чунин посух дод:
- Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии соҳа кӯшишҳо барои гузариш ба низоми 12 – сола ҳанӯз аз соли 2012 оғоз гардида буд. Сабаби тӯл кашидани гузариш ин омода набудани муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илм гузариши Тоҷикистон ба низоми 12 - солаи таҳсилот то соли 2023 мавқуф гузошта шудааст. Аммо, ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон ба ин низом намегузарад. Зеро ҳадафи имрӯзаи Ҳукумат низоми таҳсилоти миллиро ба низоми байналмилалӣ мутобиқ кардан аст. 
Қайд гардид, ки дар аксар кишварҳои пешқадам низоми таҳсилот 12-сола аст. Довталабоне, ки аз кишвари мо дар хориҷи кишвар дохил мешаванд, ба мушкилӣ дучор мешаванд. Одатан онҳоро 1 сол ба курси тайёрӣ мегиранд ё онҳо курси омӯзиши иловагиро ба хотири аз худ кардани барномаи таълимӣ мегузаранд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
СОДИРОТИ 914,9 МИЛЛИОН кВт НЕРУИ БАРҚ ДАР ШАШ МОҲ
 
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 7 миллиарду 588,4 миллион кВт - соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 401,2 миллион кВт - соат кам аст. Ин рақам зимни нишасти матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» манзури рӯзноманигорон шуд. 
Маҳмадумар Асозода, муовини якуми раиси ШСХК «Барқи тоҷик», гуфт, ки сабаби нисбатан кам гардидани истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ, маҳдуд гардидани захираҳои обӣ - энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш мебошад. 
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ба хориҷи кишвар 914,9 миллион кВт - соат неруи барқ, асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот гардид.
Зикр гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, ШСХК «Барқи тоҷик» тайи шаш моҳи соли равон 2 миллиарду 378,7 миллион кВт - соат неруи барқро ба маблағи 887,5 миллион сомонӣ харид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235,6 миллион кВт - соат бештар аст. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
238 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 238 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора Азизулло Исматзода, раиси ноҳия, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Қайд карда шуд, ки дар корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии аҳолӣ дар майдони 22619 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла ғалладона, зағер, пахта, картошка, полизиҳо, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво, гузаронда шуд.
- Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ғалладона 14150, картошка 9912, сабзавот 14661 ва 999 тонна меваҷот истеҳсол шудааст. Сабзавот 13,6 ва картошка 18,9 дарсад кам истеҳсол гардидааст, - гуфт Азизулло Исматзода.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 
Норасоии китобҳои дарсӣ мушкили асосӣ боқӣ мемонад
 
Тавре муовини якуми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҳдӣ Орифзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт,  тайи шаш моҳи соли равон тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ 325 миллиону 684 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра истеҳсоли ғалладона ба 30 641 тонна, сабзавот 30 967,3 тонна, маҳсулоти гӯштӣ 1 276,7 тонна, шир 5 713 тонна, тухм 1 миллиону 835,3 ҳазор дона, полизиҳо 6336 тонна ва меваҷот ба 3722 тонна расид. Алҳол дар масоҳати 7310 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд, ки 93 дарсади дурнаморо дар бар мегирад.
Дар нишаст норасоии китобҳои дарсӣ аз проблемаҳои асосии соҳаи маориф арзёбӣ гардида, зикр гашт, ки ба муассисаҳои таълимӣ ба 13 ҳазор китоби дарсӣ ниёз доранд.
Ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия, мудири шуъбаи маориф Насим Ғоибзода чунин посух дод:
-То имрӯз барномаи компютеркунонӣ 62 дарсад иҷро гардида, ба 15 хонандаи синфҳои 5 – 11 яккомпютерӣ рост меояд. 
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Аттестатсия дар ним сол чӣ натиҷа дод? 
Дар шаш моҳи соли равон кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 230 ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ ширкат намуданд. Зимни озмунҳо барои ишғоли 2546 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ 1736 довталаб (416 зан) барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода шуд. 
Ин нуктаро Ҷумъа Давлатов, директори агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ӯ афзуд, ки тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ, аз 2116 хизматчии давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда, 1818 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ ва 298 нафари боқимонда номувофиқ баҳогузорӣ шуданд. 
 
М. МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 
 
ШАҲРИНАВ
Корҳои ободонӣ вусъати тоза доранд
Дар ноҳияи Шаҳринав дар доираи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти  давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намуда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии кишвар бо дасту дили гарм аз пайи ободии кӯчаю маҳаллаи худ мебошанд. Барои истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ бунёди 445 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 377 иншоот бо таъсиси 1027 ҷои кори доимӣ ва 1304 мавсимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин бора Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳия, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.  
Гуфта шуд, ки дар баробари қомат афрохтани бинову иншооти таъйиноташон гуногун, инчунин, таъмири роҳҳо ва хуррамгардонии атрофи он низ дар мадди аввал қарор дорад. Аз ҷумла, дар гулгашти Сари Пул ва назди корхонаю идораҳҳо зиёда аз 7 ҳазор бех ниҳоли гулҳои лола, инчунин, дар марказ ва кӯчаҳои атрофи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шаҳринав ва Мирзо Турсунзода 23,8 ҳазор бех гули гуногун шинонда шуда, парвариши 12,6 ҳазор бех ниҳоли арча низ ба роҳ монда шудааст. Бо ташаббуси ашхоси саховатманд ва сокинони маҳаллӣ 1,05  километр роҳ мумфарш гардид. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 508
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед