logo

Хабарҳо

«ТАШАББУСҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАНЗИМИ МАСЪАЛАИ АФҒОНИСТОН»

 
Таҳти чунин унвон китоби чаҳоруми олим – шарқшиноси тоҷик, коршиноси робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода нашр гардид. Дар таҳқиқоти монографии мазкур идомаи иқдомот ва ташаббусҳои созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 2014, замоне, ки давраи муайяни таърихӣ ба итмом расида, рӯйдоди муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ дар назар буду ҳамзамон, ба асоси мувофиқае, ки байни ҷонибҳо сурат гирифтааст, Эътилофи неруҳои байналмилалии таъмини сулҳ дар Афғонистон (ISAF) бояд ин кишварро тарк намоянд, инъикос шудааст.
Масъалаи Афғонистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин бора аз ҷониби онҳо омӯзиши амиқи мушкилоти ҷанги дохилӣ ва омилҳои «гиреҳи афғонӣ», ки ҳаллу фасли онро барои солҳои дуру дароз ба таъхир андохтааст, шаҳодат медиҳад. Дар монография диққати махсус ба нақши бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ташаккули усулҳо ва асосҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, байни солҳои 1992 - 2014 дода шудааст. Ҳамзамон, ҷанбаҳои сиёсати хориҷии таъмини сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави мушкилоти Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар соли 2014 аз рӯи нишондиҳандаҳои зиёде барои Афғонистон давраи натиҷагирӣ аз будубоши чаҳордаҳсолаи  Эътилофи неруҳои байналмилалии таъмини сулҳ дар Афғонистон (ISAF) ба шумор меравад, зеро ҷомеаи байналмилалӣ якҷо бо сокинони ин кишвар натоиҷи мусбати ҳузури ин намояндагиро интизор доштанд. Аммо, воқеияти ҷаҳони ҷаҳоншумул (глобализатсияшуда) аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифатҳои дохилисиёсӣ, байниқавмӣ ва байнимазҳабиро наметавон аз роҳи низомӣ ҳаллу фасл намуд, ки дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштаанд.
Идомаи бесуботиҳо дар ин кишвар, баъд аз ҳузури хеле тулонии низомиёни хориҷӣ, бори дигар моро ба таърихи муқовимати дохилисиёсии Тоҷикистон бармегардонад, ки дар сарчашмаи барқарории  сулҳу  суботи бунёдӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст. Пешвои миллати мо на танҳо дар мавриди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, балки вобаста ба масоили Афғонистони дӯст ва бародар ғамхорӣ менамоянд, ки дар он ҷо муддати беш аз чиҳил сол аст, бархӯрди дохилисиёсӣ,  бо печидагиҳои омилҳои беруна, ҳалли масъаларо аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мушкилтар гардонидааст.
Дар китоб, як боби алоҳида ба мавзуи дидгоҳи минтақавӣ (Осиёи Марказӣ) ва ҷаҳоншумулии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷанбаҳои таърихӣ - сиёсии таҳқиқи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли мушкилоти Афғонистон бахшида шудааст. Таҷрибаи соли 2014 нишон дод: Эътилофи байналмилалӣ, ки дар назар буд, Афғонистонро бояд тарк намояд, дар ҳоли ҳозир чунин тасмим надорад. Дар партави чунин рӯйдодҳо моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли масъалаи Афғонистон бештар барҷаста ва равшантар мегардад. Табиист, ки ҳамчун далелҳои таърихӣ иқдомҳои созандаи Сарвари давлати тоҷикон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон бо шаклҳои гуногун шомили саҳифаи таърих мегарданд.
Чуноне ки таҳқиқот нишон медиҳад, «буҳрони афғонӣ» паҳлуҳои гуногун, бозигарони зиёди мухталиф дорад, ки бо мурури замон назар ва ақоиди худро вобаста ба ин мушкилот тағйир медиҳанд. Аз ин нигоҳ, бештари саволҳо боз мемонанд, аммо, хизмати бузурги бунёдии иқдомот ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба хотири аз байн бурдани проблемаҳои имрӯзаи ҷомеаи афғонӣ равона гардида, ҳамзамон, саъй доранд уфуқҳои дар дурнамобудаи ҷомеаи инсониро низ дар бар бигиранд, ки онҳо бо равшан кардани ин мушкилот ва нуксҳои он бо назари муҳаққиқонаашон ба таври созанда роҳҳои ҳалро низ пешниҳод менамоянд.
 
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 614
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед