logo

иҷтимоиёт

ФОИЗСИТОНӢ. ДАР БОРАИ СУДУ ЗИЁНИ ТЕРМИНАЛҲО

Дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» (30 апрели соли 2016, таҳти № 207-7) омадааст: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати танзими фаъолиятро дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияте, ки Қонуни мазкур ба онҳо додааст, вомегузорад». 
Дар ин замина, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ба тасвиб расидааст. Тибқи он, гузарондани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) набояд барои қабули пардохт фоиз ситонда шавад. Вале...
 
ЧАРО ФОИЗҲОИ ХУДСАРОНАИ  ТЕРМИНАЛҲО АЗ БАЙН НАМЕРАВАД?
Воқеан, аввали соли 2017, тули як ҳафта тамоми терминалҳои шаҳри Душанбе ва қисман терминалҳои шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба муштариён бефоиз хизмат мерасонданд. Аммо ин муқаррароти қарори мавриди назар танҳо як ҳафта идома ёфту халос, сипас фаъолияти ҳамаи терминалҳо муддате қатъ гардид. Баъдан, терминалҳо дубора ба кор шуруъ карданд, аммо бо фоиз. Кӣ ва чаро ба қарори қабулшуда беэътиноӣ зоҳир кард? 
Ҳувайдулло Раҷабов, сармутахассиси шуъбаи танзими энергетикаи барқии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки воқеан ҳам, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории дар бозори молӣ фаъолияткунанда талаботи қарори мазкур риоя намегардад ва аз истифодабарандагони симкортҳои алоқаи мобилӣ ҳангоми пардохти маблағ фоиз меситонанд.
Ӯ илова кард, ки кормандони хадамот бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт чанд маротиба бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ТАҚХ «Авфар», «Пардохти фаврӣ», ССП «Пайванд», «Юнипей», «Эмон», «Паймон СМТ» ва «Пардохт ТҶ» вохӯрда, ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаҳмонда шуд. Ҳамчунин, ба субъектҳои хоҷагидори зикршуда мактубҳои расмӣ низ ирсол гардидаанд.
 
БО ҶАРИМАБАНДИҲО ВАЗИФАИ ХУДРО ИҶРОШУДА МЕҲИСОБАНД
Намояндаи Хадамоти зиддинҳисорӣ зимни суҳбат бо мо чунин гуфт: «Аз ҷониби мутахассисони хадамот дар тамоми ҷамъиятҳои номбурда санҷишҳо гузаронда, санадҳои лозима тартиб дода шуданд. Маблағҳое, ки беасос аз худ карда буданд ба суди Буҷети давлатӣ ситонда ва маводи лозима, тибқи тартиби муқарраргардида, ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати чораҷӯйӣ ирсол гардиданд».
Айни чунин шеваи бархӯрд бо ҷамъиятҳои хизматрасонӣ аз ҷониби масъулони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Кормандони ин хадамот, ки дар иҷозатдиҳию назорати ширкатҳои соҳаи алоқа уҳдадоранд, тасдиқ карданд, фоизситонӣ то ҳол идома дошта, нисбат ба субъектҳои хоҷагидор доимо ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ мегардад.
- Дар натиҷаи аризаҳои шикоятии соли 2020 ба унвонии Хадамоти зиддиинҳисорӣ воридшуда, муайян гардид, ки воқеан ҳам, аз ҷониби ҷамъиятҳои мазкур талаботи қарор сарфи назар шудааст. Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда», бояд хизматрасонӣ дар намуди асл қарор гирад. Лекин фаъолияти ҷамъиятҳои мазкур нишон дод, ки онҳо аз ҳар як муштарӣ ба андозаи то 3 фоиз маблағ меситондаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои ғайринақшавӣ дар ТАҚХ «Ҳумо», ҶДММ «ССП - Пайванд», ҶДММ «Пардохт ТҶ» 37 ҳазор сомонӣ маблағҳои беасос ошкор гардид ва онҳо ба Буҷети давлатӣ баргардонда шуданд, - гуфт Ҳувайдулло Раҷабов.
 
ВАҚТЕ КИ НАЗОРАТ НЕСТ...
Операторони ширкатҳои мобилӣ ҳамчун фармоишгар барои  пардохти  маблағи  муштариён  бо   ҷамъиятҳо   шартномаи ҳамкорӣ бастаанд  ва  дар  асоси  ҳамин шартнома то 1,5  дарсади маблағе, ки ба терминалҳо мегузарад, ба соҳибони ҷамъиятҳои хизматрасонӣ дода мешавад. Яъне, ҷамъиятҳо ҳамчун иҷрокунанда ба манфиати фармоишгар маблағи пардохтро аз муштариён қабул карда, ба суратҳисоби он интиқол медиҳанд ва фармоишгар барои иҷрои корҳо ҳақмузди соҳиби терминалро медиҳад. Вале аз суҳбат бо чанд намояндаи ин ҷамъиятҳо маълум гардид, ки онҳо худсарона фоизи муайяни худро монда, аз ҳар сомонии дар терминалҳо ба тавозун гузарондашуда, фоизи муайян меситонанд. Ва барои ин кори худ баҳона пеш меоранд, ки маблағи аз ширкатҳои мобилӣ ба даст оварда, хеле кам асту хароҷоти онҳоро намепӯшонад. 
Терминалҳои пулгузаронии ҶДММ «Леваканд» аз як сомонӣ то 10 дирам ҳақ мегиранд, ки 10 фоизи маблағи гузарондашударо ташкил медиҳад. Вақте мо бо оператори ҶДММ «Леваканд» дар тамос шудем ва дар ин бора пурсидем, ҷавоб чунин буд: «Ҳоло мо дар асоси ҳиссаи устувор фаъолият мекунем, ки аз маблағи муштарӣ як ҳиссаи муайян мегирем, чунки ширкатҳои мобилӣ аз маблағҳои гузарондашуда ба мо 0,8 фоиз медиҳанд, ки хеле кам аст».
Терминалҳои ҶДММ «Пайванд» аз як сомоние, ки ба тавозун гузаронда мешавад, то 15 фоиз меситонанд. Доир ба татбиқи қарори болозикр ва ситондани фоизи баланд намояндаи ширкат ё оператори «Пайванд» дар хитоб ба мо гуфт: «Муштарии муҳтарам, терминалҳо бисёраш шахсианд. Онҳо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунанд ва, аслан, фоизҳоро ҳамон соҳибони терминалҳо мемонанд. Агар шикоят дошта бошед, омада дар офисамон шикоят кунед».
Аммо намояндагони ширкатҳо зимни суҳбат зикр доштанд, ки терминалҳо бе гирифтани фоиз аз маблағҳои гузарондаи муштариён наметавонанд фаъолият баранд. Аз маблағи гузарондаи муштарӣ фоиз гирифта намешавад, агар он маблағ беш аз 50 сомонӣ бошад...
 
ТЕРМИНАЛҲОЕ, КИ ФОИЗ НАМЕГИРАНД
Чунин терминалҳо аз бонкҳо маҳсуб меёбанд ва барои хизматрасонии амалиёти бонкӣ фаъолият мекунанд. Дар баробари он, дигар хизматрасониҳоро иҷро мекунанд, ки, аз ҷумла пардохти маблағ ба симкортҳо низ ҳаст. Қаблан, терминалҳои бонкҳо барои иҷрои хизматрасониҳояшон фоиз мегирифтанд, аммо Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия изҳор дошт, ки дар фаъолияти як қатор агентҳои бонкии пардохтӣ иҷро нагардидани талаботи қонунгузорӣ, аз он ҷумла, ба муштарӣ пешниҳод нагардидани расид - «чек» ё бар хилофи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон гирифтани фоиз ҳангоми пур кардани тавозуни симкортҳо ва ғайра ҷой дорад. Бонки миллӣ бо пахши ин изҳорот дар риояи нагардидани талаботи қонунгузорӣ ташкилотҳои қарзиро масъул дониста, таъкид намуд, ки нисбат ба онҳо чора андешанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар мавриди ошкор шудани камбудиҳо зимни пешниҳоди хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бахусус хизматрасонии қабули маблағҳо ва ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ, нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии қонунӣ татбиқ хоҳанд шуд. Қобили зикр аст, ки дар ин миён танҳо ҶДММ «Пардохт», ки марбут ба бонки «Эсхата» аст, аз муштариён фоиз намегирад ва ҳама терминалҳояш бефоизанд. Ҳамчунин, ба муштариён расид низ пешниҳод мекунанд.
 
ТАНЗИМИ ИН БЕНИЗОМӢ БА ЗИММАИ КИСТ?
Барои ғайриқонунӣ ва аз худ намудани маблағи муштариёни ширкатҳои мобилӣ кӣ бояд ҷавоб гӯяд? Чаро Хадамоти зиддиинҳисорӣ назоратро дар ин самт дуруст ба роҳ намемонад ё нисбат ба чунин худсариҳо чораҳои сахти таъсирбахшро амалӣ намесозад. Ё танҳо бо ҷаримабандӣ кори худро тамомшуда меҳисобад? Шояд ҳамин гуна саҳлангкориҳост, ки моликони ширкатҳои хизматрасон «худро шоҳу, табъашонро вазир» дониста, талаботи қонуну қарорҳои ҷориро риоя намекунанд...
 
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 1780
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед