logo

иҷтимоиёт

ДАСТХАТХОН НЕСТ. ЧАРО?

Тармими дастхатҳо, эҳёи қисматҳои нобудшуда ва ширеш молидану дору кардани онҳо, муҳимтар аз ҳама, хондан, тасҳеҳу муқобала ва дарк кардани мазмуни матни сабтшуда назокату эҳтиёткорӣ ва донишу касбияти баланд мехоҳад. Дар ин маврид суҳбате доштем бо ходимони шуъбаи дастхатҳои Маркази мероси хаттӣ, институтҳои омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ.
 
Осори бо ранҷ офаридаи гузаштагони мо, бавижа дастхатҳо, нусхаҳои хаттии қаламӣ ва ҳифзу нигаҳдории онҳо дар ҳама давру замон муҳим аст. Онҳо ганҷинаи нодир, инъикоскунандаи руҳи замон ва муаррифи илму фарҳанги мост.
Муовини директори Институти забон ва адабиёт Хуршеда Ҳошимова изҳор медорад: «Дар пажӯҳишгоҳ шуъбаи махсуси дастхатхонӣ мавҷуд нест. Дари ҳуҷраи дастхатҳоро гоҳ-гоҳ мекушоянд. Борҳо талош варзидем, ки чунин шуъба таъсис диҳем. Ҳоло ҳадди ақал ташкили курси шашмоҳаи дастхатхонӣ зарур аст, то кадрҳои ҷавон тарбия ёбанд».
Солҳо боз аз норасоии кадрҳои ҷавон дар ин соҳа изҳори нигаронӣ мешаваду зарурати роҳандозии шуъбаи махсуси дастхатшиносӣ дар донишгоҳҳои кишварро пешниҳод мекунанд, аммо то ҳол дар донишгоҳҳо, бавижа шуъбаву кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, кадрҳои дастхатшинос ё нусхашинос тарбия намеёбанд. Аксари дастхатхонҳои суханшинос имрӯз солхӯрдаанд, ганҷинаи дастхатҳои Тоҷикистон ниёзи шадид ба омӯзиш ва истифода дорад. 
- Ҳоло нарасидани мутахассис моро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Кори мо бисёр нозук аст, камтарин беэҳтиётӣ ба нобудшавии дастхатҳо ё корношоям шудани онҳо оварда мерасонад. Барои ҳарчи бештар умр дидани дастхатҳо равғани махсус (слелёз) истифода мешавад, ки нархи як килограмми он дар бозори ҷаҳонӣ 400 доллари амрикоист, - мегӯяд Иззатулло Мирзоев, корманди Маркази мероси хаттӣ.
Баъзе аз китобҳо асрҳои зиёд дар хидмати мардуманд ва аҳамияти худро гум накардаанд. Мазмуну саҳҳофии дараҷаи олӣ онҳоро умри дароз бахшидааст. Дар ин моваро китобҳое  ҳам буданд, ки мазмуну саҳҳофии хароб доштанд ва мисли ғубор нопадид шуданд.
Иззатулло Мирзоев гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба интихоби ин пеша коҳиш ёфтааст. Дар ҳоле ки дар китобхонаҳо ва осорхонаҳои кишвар садҳо дастхатҳои қадим нигоҳ дошта мешаванд. 
- Соҳибистиқлолӣ ва хуб шудани муносибатҳои мо бо кишварҳои дигар имкон дод, ки садҳо дастхатҳои нави марбут ба фарҳанги мо харид ва ба Тоҷикистон оварда шаванд. Бо барномаи махсуси давлатӣ АМИТ ду касро барои омӯзиш ба Дубай фиристод. Онҳо баргашта тоза корро оғоз карданд, ки яке аз бемории коронавирус даргузашт ва дигаре ба кори дигар рафт. Дар муассисаи мо дастхат хеле зиёд буда, аз се ду ҳиссаи онро дастнависҳо бо хату забони форсӣ маҳфузмонда ташкил медиҳанд. Боқӣ ба хату забонҳои арабӣ, туркӣ, узбекӣ ва ибрист, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Солҳои пеш дар Вазорати маориф ва илм тарҳи таъсиси шуъбаи дастхатшиносӣ дар факултаи забонҳои АвруОсиёи ДМТ пешниҳод шуда бошад ҳам, бо назардошти омода кардани устодони ин илм ва зарурати хароҷот барои минбаъд мавқуф вогузошта шуд.
Баъзе аз мутахассисон дар суҳбат камии дастмузди ин гурӯҳи мутахассисонро яке аз сабабҳои ҷалб нашудани онҳо медонанд. Зеро барои хондани дастхат на танҳо донишҳои махсус, балки ранҷи руҳӣ ва нури бедареғи чашм лозим меояд. Бад-ин мазмун Саъдии бузургвор низ зебо фармуда:
Оби шавқ аз чашми Саъдӣ меравад бар дастхат,
Лоҷарам чун шеър меояд, сухан тар мешавад.
 
Чанде пеш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 120 намуди дастхат ва китобҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд. Аксарият ба дастнависҳо ва чопи сангӣ, ки фарогири мавзуъҳои таърих, ирфон, ахлоқ, забону адабиёт, сарфу наҳви арабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ мебошанд, нигариста, ҳасрат мехӯрданд, ки дар ин навиштаҳо чи розҳое ниҳон бошанд, кош мехондем.
Профессор Санавбар Воҳидова аз сафари хотирмони мавлоношиноси маъруфи ҷаҳон Анна Мери Шиммел ёд оварда, гуфт: «Бону Аннаи олмонитабор, ки умрашро ба осори Мавлоно бахшидааст, вақте меҳмони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуд, хеле солхӯрда буд. Бо вуҷуди ин, чашмонаш шуъла мезаданд ва нахуст хост, то шуъбаи дастхатҳоро бубинад. Вақте дари шуъба боз шуд, мисли кӯдаки модарашро дер боз надида ба сӯйи дастхатҳо шитофт, яке аз китобҳоро гирифта, бӯсид. Бо ташнагӣ дастхатҳоро мехонд. Бубинед, як пажӯҳишгари хориҷӣ ба осори қадимии мо мисли як муқаддасот арҷ мегузорад, мо бошем, аз наздаш бепарво мегузарем, ба омӯхтани рози он намепардозем».
Анзурат Маликзода, ходими илмии Институти забон ва адабиёт аз зумраи дастхатхонҳои мумтози мост, ки мегӯяд: «Мустақилона баъзе аз шогирдони ҳавасмандро ба омӯзиши ин пеша даъват кардам. Ҳоло аспирантону унвонҷӯёни ҷавон саводи хуби хатхонӣ пайдо кардаанд. Аммо бо як гул баҳор нмешавад. Дар ин маврид як барномаи ҷиддӣ ва корсоз бояд рӯйи даст дошта бошем».
Ёдовар бояд шуд, ки олимони мо дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони Фаронсаву Олмон борҳо курсҳои кӯтоҳмуддати бист ва чилрӯза гузарондаанд. Баъзе аз дастхатшиносони ҷавонро ба дигар кишварҳо фиристодаанд, то ба умқи масъала жарфтар раванд, вале чунин давраҳои омӯзишии кӯтоҳфурсат норасоии кадрҳоро ҷуброн намекунанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.09.2021    №: 177    Мутолиа карданд: 931
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед