logo

Хабарҳо

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

 
Варзишгарони тоҷик 10 медал гирифтанд
То 7 сентябр варзишгарони Тоҷикистон дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия идома дорад, 10 медал (6 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. 
Медалҳои нуқраро Нурланбек Эрматов (бокс), Хуршедшоҳ Каримзода, Ҳоҷиакбар Тошмуродов (гӯштии кураш), Муҳаммад Икромов, Мустафо Аҳмадов (гӯштии тарзи озод) ва Фирӯз Мирзораҷабов (гӯштии юнонӣ-римӣ) соҳиб шуданд. Медалҳои биринҷӣ насиби Асламҷон Азизов (гӯштии юнонӣ - римӣ), Фирӯзҷон Зиёев, Дилшод Қурбонов (гӯштии камарбандӣ) ва Қурбоналӣ Охунов (гӯштии кураш) гашт.
Ҳоло, мунтахаби мо аз рӯйи шумораи медалҳо дар зинаи 7-ум аст. Дар сегонаи аввали ҷадвал Россия 80 (51-15-14), Узбекистон 47 (15-18-14) ва Қазоқистон 50 (7-15-28) қарор доранд.  Бозиҳо то 11 сентябр идома меёбанд. 
 
 
ФУТБОЛ
Бори дуюм рақобати Тоҷикистону Баҳрайн мусовӣ хотима ёфт 
Бозии дуюми рафиқона миёни мунтахабҳои то 23-солаи Баҳрайн ва Тоҷикистон, ки 6 сентябр дар пойтахти Баҳрайн – шаҳри Манама баргузор гардид, мусовӣ (2:2) ба анҷом расид.
Тибқи иттилои ФФТ, тӯбҳоро аз тими Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонд. 
Дар вохӯрии якуми дӯстона низ ғолиб муайян (0:0) нагардида буд. 
Бояд гуфт, ки дидори рафиқона бо Баҳрайн барои мунтахаби Тоҷикистон (U-23) марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2022, ки аз 25 то 31 октябр дар Душанбе доир мегардад, ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи интихобӣ мунтахаби мо дар гурӯҳи «В» бо Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) неру месанҷад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ,  
шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 398
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед