logo

Хабарҳо

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

Аз 6 то 15 сентябр бахшида ба 20 - солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай дар Осорхонаи миллӣ намоиши “Марҳабо ба 20 - солагии СҲШ” ифтитоҳ гардид. Дар ин намоиши байналмилалӣ зиёда аз 200 расми маҳсули дасти кӯдакони 8 кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай - Россия, Хитой, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Ҳиндустон ба тамошо гузошта шудааст.
Дар расмҳои кӯдакон дӯстию муҳаббат, сулҳу субот ва осмони софу беғубор дар ҳавзаи ин созмонро тасвир намудаанд, ки онҳо ҳар як бинандаро ба ҷаҳони рангин, тахайюлоти бой ва орзуҳои кӯдакони ин кишварҳо ворид менамояд. Дар ифтитоҳи намоиш зикр гардид, ки “халқҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро як қатор омилҳои объективӣ ба монанди анъанаҳо, шабоҳати забонҳо ва фарҳангҳо, наздикии этномаданӣ, ҳамбастагии муштараки таърихӣ, анъанаҳои халқҳои мо дар Роҳи Бузурги Абрешим, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ муттаҳид намуда, онҳо ба рушди бомуваффақияти муносибатҳои мутақобилан судманди фарҳангӣ заминаи мустаҳкам мегузоранд”.
Хотирнишон шуд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ миёни кӯдакон ва ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои фарҳангӣ замина гузошта, барои боз ҳам беҳтару хубтар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанги халқу миллатҳои ҳамдигар шароити мусоид фароҳам меорад.
 
Л. РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 330
28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед