logo

туризм

ЗИЁРАТИ ҶОЙҲОИ МУҚАДДАС. НАМУДИ САЙЁҲИЕ, КИ РУШД МЕХОҲАД

Чун дар Тоҷикистон ҷойҳои зиёратӣ зиёданд, ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин маконҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро, ин аз як ҷониб воситаи муаррифии фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва ободгардонии деҳот бошад, аз тарафи дигар, болоравии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. 
 
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ - ИМКОНИ  РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ
Мувофиқи маълумоти охир дар ҷумҳурӣ 133 мазор ва мақбара, аз ҷумла дар Бохтар 8, Кӯлоб 16, Суғд 52, Бадахшон 22, Рашт 9 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 зиёратгоҳ мавҷуд аст. Бештари онҳо дар маконҳои зебо ва хушбоду ҳаво ҷойгир буда, дорои чашма ва рустаниҳои фаровони хусусияти табобатидоштаву дарахтзоранд. Мақбараҳо ва сохти меъмории онҳо диққатҷалбкунанда буда, таърихи ҷолиб доранд. Сафар ба баъзе аз чунин маконҳои зиёратӣ аҷибу риққатангез буда, ба сайёҳ ё зоир таассуроти хотирмон мебахшад. Зиёраткунанда дар баробари тамошои табиати зебо, боду ҳавои хуш, урфу одат, аз меҳмоннавозии мардуми маҳал низ баҳравар ва мутаассир мегардад. Мутахассисони ватанӣ бар онанд, ки роҳандозии сайёҳии зиёратӣ дар кишвар ба бозсозии ёдгорӣ ва маконҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, болоравии иқтисодиёти маҳал заминаи хуб фароҳам меорад. Дар ҳамин ҳол, сайёҳии дохилӣ рушд ёфта, ба мустаҳкамсозии равобити сокинони минтақаҳои мухталифи кишвар мусоидат мекунад. Инчунин, он метавонад боиси рушди сайёҳии воридотӣ низ гардад, зеро ба ин навъи сайёҳӣ метавон сайёҳони хориҷиро низ ҷалб сохт. 
 
МАЗОРИ БУРХИ ВАЛӢ ВА  ШИГИФТИҲОИ ОН
Маъруф Шонасурдинов, мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, иброз медорад, ки Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки ба он номҳои Сармаст ва Абдол низ нисбат дода мешавад, ҳамасри пайғамбар Мусо (а) ба ҳисоб рафта, мазори он дар ноҳияи Сангвор воқеъ аст. Зиёрати макони мазкур барои мардуми тоҷик баъди зиёрати Хонаи Худо меистад. Яъне, бештарини мардуми тоҷик қабл аз зиёрати Ҳаҷ аз мазори Бурхи Валӣ дидан мекунанд. Ба гуфтаи М. Шонасурдинов, мазори Бурхи Валӣ дар макони дурдасти кӯҳистон воқеъ буда, шигифтиҳои хоси худро дорад. Яке аз онҳо дар чунин ҷойи дурдаст, дар теғаи баланди кӯҳ ва соҳили дарёи пуртуғёни Хингоб сохта шудани мақбара аст. Дар ин маврид ривояте вуҷуд дорад, ки гӯё Бурхи Валӣ баъди 300 соли маргаш дар хоби чӯпоне даромада, амр кардааст, ки мазори ӯро созад, масолеҳу таом муҳайё мегардад. Ҳамин тавр, дар 25-километрии мазор аз зери замин хишти пухта баромадааст ва мардум дасти ба даст мақбараи Бурхи Валиро сохтаанд. Шигифтии дигари мазор «чашмаи хунин» мебошад. Обу гили он мисли хун сурх буда, барои бисёре аз бемориҳои пӯст фоидабахш аст. Тибқи солнома, ки 43 насли шайхонро то ибтидои асри 20 номбар мекунад, сохтмони мазор 1000 сол пеш - тахминан ба замони истилои арабҳо рост меояд. Муҳаққиқоне, ки мақбараро аз берун таҳқиқ кардаанд, бар ин боваранд, ки он дар асри 17-18 навсозӣ шудааст.
 
ОРОМГОҲИ ХОҶА ИСҲОҚИ ВАЛӢ САЙЁҲОНРО ҶАЛБ МЕСОЗАД
Мазори дигар, ки байни мардум машҳур аст, оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Валӣ мебошад. Он дар деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ дар даромадгоҳи ғоре воқеъ аст. Аҷибии ин мазор дар он аст, ки ҷасад на дар зери замин, балки берун аз он, рӯяш ба тарафи қибла, дар ҳолати нишаст қарор дорад. Дар мавриди ғор ва мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ қиссаҳо зиёданд. Шахсияти ҷасадро баъзеҳо араб ва баъзе аз сокинони маҳал донистаанд. Ҳатто, баъзе аз муҳаққиқон, монанди Аҳрор Мухторов бар он назаранд, ки ҷасади мазкур мутааллиқ ба Спитамени Ҳисорист. Назарияе низ ҳаст, ки мувофиқи он дар ғор тақрибан 300 ҷасади дигар мавҷуд аст, ки наздикону пайвандони Хоҷа Исҳоқи Валианд. Мутаассифона, ғор то охир таҳқиқ нагаштааст. 
Ба андешаи коршиносон, ба таври зарурӣ таҳқиқ шудани ғор ва муқаррар намудани шахсияти Хоҷа Исҳоқи Валӣ, инчунин, барои зоирон мувофиқ гардондани ин мавзеъ, дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
- Зиёрати Хоҷа Исҳоқи Валӣ аз зоирин машаққати зиёд талаб мекунад, зеро 5 километр роҳро бояд пиёда тай ва пайраҳаҳои хатарнокро убур намуд, сипас ба кӯҳ баромад, ки ин на ба ҳама муяссар мегардад. Вале, асрори ғори мазкур сайёҳону муҳаққиқони хориҷиро ҳамоно ба худ ҷалб мекунад ва дар тобистон теъдоди ҳаррӯзаи зоирон ба 100 нафар мерасад, - мегӯяд М. Шонасурдинов.
 
ШАРОИТИ МУСОИД МУҲАЙЁ ШАВАД
Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи сайёҳони дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 ба 14 ҳазору 300 нафар расид. Нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сарфи назар аз мушкили ворид нашудани сайёҳони хориҷӣ саёҳати дохилӣ ривоҷ ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар мамлакат саёҳатҳое, ки бештар ҳамчун зиёрату аёдати динӣ унвон мешаванд, бамаротиб бештар буда, қариб ки ба қайд гирифта намешаванд ва метавон хулоса кард, ки шумораи сайёҳони дохилӣ нисбатан зиёданд. 
Баррасии зиёрати ҷойҳои муқаддас нишон медиҳад, ки ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи вижа ниёз дошта, рушди он барои сайёҳии воридотӣ замина фароҳам меорад. Аз ин рӯ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим барои ташкили зиёрати маконҳои муқаддаси таърихӣ мусоидат намоянд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2021    №: 184    Мутолиа карданд: 7438
25.11.2022


ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД

ВМКБ. ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

24.11.2022


ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - САРЧАШМАИ ПИРӮЗИҲО

23.11.2022


Интихобот дар Қазоқистон рақобатпазир ва шаффоф буд

ҶОМИ ҶАҲОН

22.11.2022


Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ФОРУМИ ҶАВОНОН БАРОИ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ВА РУШДИ КАСБИЯТ РАВЗАНАИ НАВ БОЗ КАРД

«ЗОДРӮЗИ ТОҶИКИСТОН»

МУАРРИФИИ ОШИ ПАЛАВ ДАР ҶОПОН

САМАРҚАНД. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

21.11.2022


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҶОНИБЕК АКОБИР

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2022

16.11.2022


Ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон

Чин бар зидди ихроҷи Россия аз G20 баромад кард

СУҒД. ТАШРИФИ СОҲИБКОРОНИ ТУРК БА ВИЛОЯТ

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. АЗ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ СӢ СОЛ ГУЗАШТ

«ОРМОНИ МИЛЛАТ: «РОҒУН» БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

15.11.2022


Ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Президенти Индонезия дар Бали нишасти G20-ро ифтитоҳ кард

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛА БА 100 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ПРЕСС-ТУРИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА НБО «НОРАК»

Қадрдонии варзишгари тоҷик аз ҷониби Рустами Эмомалӣ

11.11.2022


Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори таслият кард

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. АЗ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-АДАБӢ ТО САЙРИ ФАРОМАРЗИИ «ГАНҶИ СУХАН»

10.11.2022


ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. ФОРУМИ ҲАШТУМИ МИЛЛӢ БАРГУЗОР ГАШТ

6 НОЯБР. САНАДИ БУНЁДИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ 28-СОЛА ШУД

04.11.2022


САМАРҚАНД. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ПОЙТАХТ. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ ДЎСТӢ

СИЁСАТИ ГЕНДЕРӢ. ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ИДОРАИ УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

03.11.2022


Лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд

ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН. ТАНТАНАИ ДӮСТӢ ДАР НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲФИЛИ ШОИРОН


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед