logo

Хабарҳо

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

Дар Ҷоми ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехта, ки аз 8 то 13 сентябр дар шаҳри Прагаи Чехия бо иштироки беш аз 400 варзишгар аз 21 давлати ҷаҳон доир гашт, се донишҷӯйи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов - 
устоди варзиши дараҷаи   байналмилалӣ Ҷовидон Маҳмудов, устодони варзиш Ҳаким Абдуллоев ва Амирҳамза Исломов бо ба даст овардани як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ дар ҳайати даставӣ баъди давлатҳои Украина ва Ирландия мақоми сеюмро касб карданд.
Воқеан, ҳар се аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ оид ба санъати муҳорибаҳои омехта буда, то ин муддат дар бисёр мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи баланд, аз ҷумла дар кишварҳои Дания, Олмон, Испания, Италия, Шведсия, Баҳрайн ва ҷумҳуриҳои ИДМ шарафи кишварро баланд  бардоштаанд.
Ба андешаи ректор Ш. Сафаров: “Дастоварди муҳассилини донишкада Ҷовидон Маҳмудов, Ҳаким Абдуллоев ва Амирҳамза Исломов дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 50 - солагии Донишкада туҳфаи арзишманд буда, раёсати Донишкада минбаъд низ аз ин варзишгарони касбӣ дастовардҳои навро умед дорад”.
 
Мавлон ШАРИФОВ,  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 654
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед