logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПОДШОҲИ БЕЛГИЯ ФИЛИПП

12 октябр дар пойтахти Белгия – шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.
Дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳо бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, аз пазироии дӯстона ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Белгия изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассуроти нек аз сафарҳои қаблӣ ба Подшоҳии Белгия, бахусус аввалин мулоқот бо аълоҳазрат Подшоҳ Алберти II, таъкид намуданд, ки Подшоҳии Белгия яке аз мамлакатҳои калидии қитъаи Аврупо, кишвари дӯст ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо мебошад.  
Рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика,  бахшҳои мухталифи саноат ва ҷалби технологияҳои муосир ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадори шарикии ду кишвар номбар шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои робитаҳои кишварҳоро дар сатҳи минтақавӣ муҳокима карданд.
Бо пуштибонӣ аз иқдомҳои якдигар дар ҳалли масоили глобалии сайёра, таъкид гардид, ки Тоҷикистон номзадии Белгияро барои ишғол кардани мақоми узви ғайридоимӣ дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019 – 2020 ва Подшоҳии Белгия дар навбати худ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар масоили глобалии об ва иқлим ҷонибдорӣ менамоянд.
Аз қабули барнома ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ, ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он табодули афкор намуданд.
Тавре таъкид гардид, амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва Созмони Милали Муттаҳид бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар зимн, мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори  ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, изҳор доштанд.
Дар анҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Подшоҳи Белгия аълоҳазрат Филипп барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 3283
01.07.2022


Владимир Путин: «Россия ва Индонезия равобити хуб доранд»

Ҷаҳон дар як сатр

ҲИСОР. АРМУҒОНИ ҶАШНӢ БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

"ЗАРАФШОН". АЗ РУШДИ САНОАТ, ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагон қадр гардиданд

Путин: «Россия тарафдори амиқтар шудани равобити «панҷгона»-и Хазар аст»

Ҷаҳон дар як сатр

БОНКИ МИЛЛӢ. ВАҲДАТ ТАҶАССУМГАРИ ИТТИҲОД АСТ!

“ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ”. ТАНТАНАИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

29.06.2022


Густариши ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ

"МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ". КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР БОХТАР

Путин дар саммити Хазар дар Ашқобод ширкат хоҳад кард

Ҷаҳон дар як сатр

Медали биринҷии Моҳрӯ аз ЧО

КӮШОНИЁН. ИФТИТОҲИ ПУЛ МУШКИЛИ СОКИНОНРО ҲАЛ КАРД

28.06.2022


СУҒД. СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ БА РУШДИ ВИЛОЯТ МУСОИДАТ МЕКУНАНД

«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». МУҲАББАТНОМАИ АДИБОНИ ДУНЁ БА ТОҶИКОН РӮИ ЧОП ОМАД

ТОҶИКИСТОН. ЗАРФИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БА МАРДУМИ ОЛМОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ БА СОКИНОН

24.06.2022


Тасаллияти Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

23.06.2022


Вохӯрии Сарвазири Тоҷикистон бо муовини директори Хазинаи байналмилалии асъор

МУЛОҚОТИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА БО СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Токаев Путинро шарики боэътимоди Қазоқистон медонад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА: "САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ НОҲИЯ ТАВСЕА МЕЁБАД"

22.06.2022


Вазири корҳои хориҷӣ сафири Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфт

Лукашенко дар назди деҳқонон вазифаҳои нав гузошт

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ХБА РАВОБИТИ ДУҶОНИБАРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

«SOCIETY MAGAZINE». НАШРИ СИЛСИЛАМАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2022


СҲШ. ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ХИДМАТ МЕКУНАД

17.06.2022


САЙЁҲӢ. ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

МАСТЧОҲ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

16.06.2022


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ГУЗОРИШ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

СҲШ. БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАВОНОН ДАР ТОШКЕНТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед