logo

Хабарҳо

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

 
Лахш яке аз калонтарин ноҳияҳои картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба   шумор рафта, деҳқонон давра ба давра майдони кишт ва истеҳсоли    картошкаро зиёд карда истодаанд. Аз ҷумла, соли гузашта кишоварзони ноҳия зиёда аз 100 ҳазор тонна картошкаи хушсифат рӯёнданд.
 
Ба гуфтаи Аваз Маҳмадов, саркишоварзи ноҳия, соли ҷорӣ ба   истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ деҳқонон майдони кишти картошкаро ба 5 518 гектар расонданд. Имрӯзҳо кишоварзон ҷаҳду талош доранд, то ҳосили бо арақи ҷабин парваридаашонро сари вақт ва беталаф ҷамъ оваранд. 
Дар ноҳияи Лахш тайи солҳои ахир, асосан, навъи картошкаи «Тоҷикистон»,   ки деҳқонон онро палакдароз ном мебаранд, кишт мешавад. Зеро ин навъро олимону деҳқонон ба шароити маҳал мутобиқ намудаанд, ки ҳосилнокиаш нисбат ба дигар намудҳо  зиёд аст. Полиз, ки самар дод, кишоварзон дар навбати аввал баргу пояро даравида, пас аз 5 – 10 рӯз ба ғунучини ҳосил шуруъ мекунанд. 
Деҳқонони лахшӣ дар як мавсим ду ҳосил – картошка ва алаф  мегиранд. Картошка бештар дар мавзеъҳои баландкӯҳи Лахш, Муксу, Ҷилондӣ, Сартало ва Каромик парвариш ёфта, деҳқонон аз баландиҳои 1300 – 2000 метр аз сатҳи баҳр ҳосили фаровон ба даст меоранд. 
Пешрафти соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Лахш ба ташкили системаи илман асосноки тухмипарварии маҳаллӣ вобастагии зич дорад. Ин аст, ки, бо мақсади рушди соҳаи тухмипарварӣ дар шароити   минтақаҳои баландкӯҳ, олимон дар ҳамкорӣ бо деҳқонон тухмиҳои ба шароити маҳал мутобиқу серҳосилро парвариш намуда истодаанд, то дар оянда хоҷагиҳои картошкакор тавонанд майдони кишту истеҳсоли онро боз ҳам афзуда, дар таъмини бозорҳои кишвар  бо маҳсулоти хушсифат саҳми арзанда гузоранд.
 
 
РАШТ.  ДАШТҲОИ ТАШНАЛАБ ШОДОБ МЕШАВАНД
Дар  доираи барномаҳои беҳтар намудани ҳолати  обтаъминкунии заминҳо дар ноҳияи Рашт, бунёди ду канал ва беҳтарнамоии вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд. Бо анҷоми корҳои сохтмонии ду иншоот, 600 гектар замин обёрӣ шуда, ҳамзамон, майдони кишти зироатҳо бештар хоҳад гашт.
Сохтмони навбати аввали канали Камчароғи ноҳияи Рашт ба масофаи шаш километр, ки аз сатҳи баҳр дар баландии қариб 3 ҳазор метр ҷойгир мебошад, худ таҷассумгари раванди  корҳои  ободонӣ ба шумор рафта, бо ташаббуси шахсони саховатманду хайрхоҳи деҳоти Қалъаи Сурх ва маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила татбиқ мешавад. 
Бояд гуфт, ки мушкилоти нарасидани оби полизӣ солҳо боз ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла афзоиши майдони боғу картошка, монеа эҷод  мекард. Ҳоло бошад, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба истифода додани канал  имкон медиҳад, ки то 350 гектар замин обёрӣ гардад.  
Ин мавзеи доманакӯҳро «дашти беоб» ном мебаранд, ки дар ҳудуди деҳоти Ҳоит воқеъ мебошад. Бо  мақсади обёрии он, дар замони шуравӣ лоиҳаи азхудкунии ин заминҳо тарҳрезӣ шуда буд, аммо амалӣ нашуд. Маҳз аз файзу баракати истиқлол ин дуюмин лоиҳаи азхудкунии   заминҳост, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. 
 
Додарҷон МИРЗОЗОДА, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 383
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед